Шумораи махсуси «Аз Паём то Паём» дар нашрияи «Боҷу хироҷ»

Декабрь 15, 2016 11:28

ДУШАНБЕ, 15.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ»-и Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи махсус нашр намуд.
Шумораи махсус аз 24 саҳифа иборат буда, дар он саҳифаи махсуси «Аз Паём то Паём» ва навигариҳо аз фаъолияти мақомоти андози кишвар, гузоришҳо аз ҷараёни машваратҳои мустақим (он-лайн) бо андозсупорандагон, насби терминалҳои нав дар мақомоти андози кишвар, тамғагузорӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ пешкаши хонандагон шудааст. Ҳамчунин оид ба тартиби фаъолияти ҳукумати электронӣ, гуфтугӯ бо таҷҳизоти муосир, имтиёзҳои андоз барои андозсупорон, истифодаи мошинҳои назорати хазинавии дорои таҷҳизоти интиқолдиҳандаи электронӣ, маркази коркарди маълумот хабарҳо нашр шуда, мусоҳиба бо сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб, мақолаи муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрам Рузизода, мулоҳизаҳои муовини аввали вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сӯҳроб Мирзоев ва андешаҳои шаҳрвандон перомуни Паёми солонаи Пешвои миллат ба табъ расидаанд.

Декабрь 15, 2016 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд
Намояндагони ВАО бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқии ширкатҳои мобилии вилояти Суғд шинос гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд