Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ соли 2016 зиёда аз 904 кг маводи мухаддирро мусодира карданд
ДУШАНБЕ, 30.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ соли 2016 зиёда аз 598 нафар вайронкунандагони сарҳади давлатӣ ва низоми сарҳадӣ боздошт гардида, 14 маротиба кӯшиши вайронкунии сарҳади давлатӣ пешгирӣ карда шуд. Инчунин ҳамроҳ бо мақомоти қудратии ҷумҳурӣ аз қочоқчиён ба миқдори 904 кг 240 гр маводи мухаддир, аз ҷумла 21 кг 138 гр героин, 128 кг 203 гр афюн, 755 кг 599 гр бангдона (ҳашиш, чарс), 1 059 135 бех банги худрӯй ва доруҳои мадҳушкунанда 2 267 дона дарёфт ва мусодира карда шуд.
Ин маълумот зимни ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти хизматӣ-ҷангӣ дар соли 2016, ки дар он Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Саймуъмин Ятимов, Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, муовинони Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, сардорони раёсатҳои минтақавӣ, командирони отрядҳои сарҳадӣ ва ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ иштирок намуданд, пешниҳод гардид.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки дар ин давра намояндагии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон- 30, Ӯзбекистон- 43, Қирғизистон-36, Хитой- 9 маротиба вохӯриҳо гузарониданд.
Аз тарафи ҷузъу томҳои ҚС КДАМ ҶТ дар якҷоягӣ бо мақомоти қудратӣ 88 амалиёти махсус, аз он 46 амалиёт дар алоҳидагӣ ва 27 амалиёт бо КДАМ ҶТ гузаронида шуд. Бо қочоқчиёни маводи мухаддир 27 маротиба задухӯрдҳои мусаллаҳона сурат гирифта, 14 қочоқчӣ безарар гардонида шуда, 6 нафар захмӣ ва 18 нафар дастгир шуданд.
Ҳамзамон дар натиҷаи ин амалиёт 27 адад яроқи оташфишони тамғаҳои гуногун ва 1 310 дона тирҳои қутраш гуногун, 3 адад норинҷакҳои дастӣ, маводи тарканда 296 кг, 24 адад лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира гардид. Тавасссути нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадӣ 2 404 276 нафар шаҳрвандон, 148 377 адад воситаҳои нақлиёт, 12 831 адад тайёраҳо, 2 851 адад қатораҳо гузаронида шуданд.
Аз қочоқчиёни молҳои ниёзи мардум 86,5 тонна сӯзишвории дизелӣ, 36,5 тонна бензин, 30 тонна гази моеъ, 14 тонна ангиштсанг, 15 тонна пиёз, 17,5 тонна меваи хушк, 18,6 тонна орд, 378 сар моли майда ва калони шохдор, масолеҳи сохтмонӣ зиёда аз 12 тонна, маводи хӯрокӣ 27 тонна ва шираи камол 830 кг дарёфту мусодира гардида, зиёда аз 140 000 сомонӣ ҷарима ба фоидаи давлат ситонида шуд. Аз ҷониби мақомоти назорати сарҳадӣ дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ 932 нафар боздошт шуданд.








ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид






