Соли 2016 ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа зиёда аз 2 млрд. сомонӣ ворид гардид
ДУШАНБЕ, 16.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиктистон ҷаласаи мушовара оид ба фаъолияти Агентӣ дар соли 2016 ва вазифаҳо барои рушди соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар соли 2017 баргузор шуд.
Муовини якуми директори Агентӣ Назокат Одиназода оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Агентӣ дар соли 2016 гуфт: «Дар соли 2016 ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 2 млрд. 186,2 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 118,7 млн. сомонӣ ё 5,4 фоиз зиёд мебошад. Қисми хароҷоти он 2 млрд. 210 млн. сомониро ташкил менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 246,3 млн. сомонӣ ё 11,1 фоиз афзоиш ёфтааст. Аз ин барои пардохти нафақаву кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва хароҷот дар корхонаву ташкилот аз ҳисоби маблағҳои андози иҷтимоӣ 2 млрд. 120,4 млн. сомонӣ равона карда мешавад, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 224,8 млн. сомонӣ ё 10,6 фоиз зиёд мебошад».
Талаботи пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ сари вақт аз рӯи реҷаи тасдиқгардида то охири соли 2016 пурра маблағгузорӣ карда мешаванд.
Бо назардошти таъмин нагардидани қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои маблағгузории саривақтии нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази Агентӣ ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 436 млн. сомонӣ ҷудо гардид.
Дар соли равон ҷиҳати татбиқи барномаҳои сиёсати шуғл, аз ҷумла пардохти кумакпулӣ барои бекорӣ, пардохти идрорпулии шаҳрвандони бекор, ки тавассути роҳхатҳои мақомоти мазкур ба тайёрии касбӣ сафарбар карда шудаанд, барои тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси бекорон ва ташкили корҳои ҷамъиятии музднок барои бекорон ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 13,5 млн. сомонӣ ва барои татбиқи чорабиниҳои иттифоқи касаба ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон 6,4 млн. сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






