Тақвияти ҳамкории судманд миёни Тоҷикистону Беларус
ДУШАНБЕ, 21.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи ташкили коргоҳ барои васлу насби техникаву таҷҳизоти трактор, ки қисмҳои он аз Беларус оварда мешавад, зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов баррасӣ гардид. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
«Зикр шуд, ки феълан дар ин самт корҳо оғоз гардида, дар ояндаи наздик самараи нек ба бор хоҳанд овард. Зимни мулоқот ҷонибҳо бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки ҳамкории судманд дар соҳаҳои гуногун миёни Тоҷикистону Беларус беш аз пеш тақвият меёбанд»,-хабар дод манбаъ.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамзамон ҷонибҳо оид ба сафарбар намудани мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ба Беларус бо мақсади табодули таҷриба, ифтитоҳи марказҳои муштараки омодасозии мутахассисони баландпоя ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ андешаронӣ намуданд. Тавре зикр гардид, кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус дар доираи муносибатҳои дӯстона бар он равона шудаанд, то имокниятҳои мавҷуда самаранок истифода гардида, ҳамкории судманд боз ҳам вусъат ёбанд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






