Водии Бартанг: як сол баъди зилзила

Декабрь 10, 2016 12:31

ХОРУҒ, 10.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Расо як сол қабл деҳаи дурдасти Ғудараи водии Бартанги ноҳияи Рӯшонро зилзилаи сахт такон дод, ки бар асари он 40 манзили зист комилан хароб ва садҳо хонаҳо қисман зарар диданд. Дар натиҷаи фаромадани сангҳои азим ва афтодани пораҳои кӯҳ ягона роҳи мошингард ба ин деҳа масдуд шуда буд.
Худи ҳамон рӯзи фоҷеа бо дастури Пешвои миллат барои ироаи кумаки ғизоӣ, пӯшоку бистари хоб ва хаймаҳо се чархбол ҷудо карда шуданд. Аммо ҳавои номусоид ба чархболҳо имкон намедод, то ба замин фуруд оянд. Танҳо пас аз як рӯз чархболҳо ба ин деҳа фуруд омаданд ва ба интиқоли кӯдакону муйсафедон, беморону барҷомондагон ба маркази ноҳия шурӯъ карданд. Зарардидагонро дар бинои мактабу интернатҳо, идораву массисаҳо ҷо ба ҷо намуда, кӯдакону наврасон дар мактаб интернати ҷумҳуриявӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Ҳамзамон ба кашондани масолеҳи сохтмонӣ ба мақсади бунёди манзил барои зарардидагон корҳои сохтмонӣ оғоз карда шуданд.
Комиссияи махсуси бартарфсозии оқибатҳои зилзила таҳти раҳбарии муовини сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим дар мувофиқа бо сокинони деҳа тарҳи деҳоти навбунедро таҳия намуда, бо кумаку дастгирии вазорату кумитаҳои ҷумҳуриявӣ ва идораву муассисаҳои вилоятӣ ба амалӣ сохтани бунёди деҳаи нав иқдом намуданд. Пас аз як сол калиди 40 манзили наву замонавӣ бо тамоми ҷиҳози хона ба дасти соҳибонашон супурда шуд. Деҳа бо оби нушокӣ, нерӯи барқ низ таъмин гардид. Бори аввал сокинон ба алоқаи мобилӣ дастрасӣ пайдо намуданд.
Ҳоло зиндагӣ дар ин деҳаи дурафтода бо маром идома дорад.

Декабрь 10, 2016 12:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад