«Волонтёрӣ шараф аст!»-шиори имсолаи Рӯзи байналмилалии волонтёрон дар Тоҷикистон

Декабрь 5, 2016 13:43

Душанбе, 05.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид соли 1985 пешниҳод намуд, ки дар давлатҳои аъзои ин ниҳод ҳамасола 5 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии волонтёрон таҷлил карда шавад.
Соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» қабул гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2014 Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти волонтёрӣ муайян гардид.
Ба иттилои раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Аҳтам Абдуллозода, волонтёрон дар баргузории як зумра ҷамъомадҳои сиёсӣ, фарҳангиву фароғатӣ, илмӣ-маърифатӣ, варзишӣ-оммавӣ ва барномаҳои сатҳи байналмилалӣ саҳми худро гузошта, фаъолона ширкат меварзанд.
«Дар ҷомеаи имрӯза волонтёрон ҳамчун ташаббускору навовар метавонанд бо кору пайкори намунавӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои миллию суннатӣ, ҳурмати калонсолон, бахусус падару модар эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ, дӯстию, рафоқат, ору номуси ватандорӣ ва ҳисси меҳанпарастиро дар ниҳоди ҳамсолону ҳамкасбони худ ҷойгир созанд»,- баён намуд Аҳтам Абдуллозода.
Ба андешаи раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, фаъолияти волонтёрӣ чун шахсияти комил ба воя расидани наврасону ҷавонон мусоидат намуда, онҳоро чун инсони башардӯст ба камол мерасонад.
Муттаҳид ва сарҷамъ будани волонтёрон дар доираи мақсадҳои хайрхоҳона, кумакрасонӣ, ҳамоҳангсозӣ, мусоидат ба ҳалли мушкилиҳои гуногун, аз ҷумла иттилоотӣ, экологӣ, фаҳмондадиҳӣ лоиқи аҳсану дастгирӣ мебошад.
Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ барои ҷавонони ватандӯсту худшинос марҳилаи нави бунёдкорӣ дар самти бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ба миён омад.
Имрӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон дар қаламрави кишвар таҳти унвони «Волонтёрӣ шараф аст!» барномаҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор мегарданд. Таҷлили ин рӯз далели таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар нисбат ба фаъолияти содиқонаву фидокоронаи волонтёрон мебошад.

Декабрь 5, 2016 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд
Намояндагони ВАО бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқии ширкатҳои мобилии вилояти Суғд шинос гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд