22 январ-Рӯзи мақомоти гумруки Тоҷикистон. Тоҷикон дар аҳди Сомониён соҳиби девони «Мӯҳтасиб» буданд

Январь 22, 2017 08:05

ДУШАНБЕ, 22.01.2017/АМИТ «Ховар»/.  22 январи соли 2017 аз таъсиси мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сол сипарӣ мегардад. Бояд тазаккур дод, ки мақомоти гумруки кишвар зодаи даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар шароити ниҳоят мураккаби вазъи сиёсии соли 1992  таъсис дода  шудааст. Маҳз бо шарофати Истиқлолият ва таваҷҷуҳи  хосаи Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба як сохтори калидию  мукаммали давлатӣ ва такягоҳи буҷети  кишвар  табдил гардид.

Дар зарфи 25 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти гумрук баҳри сода гардонидани расмиёти содиротию воридотӣ ва таъмини шаффофияти амалиёти барасмиятдарории гумрукӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонд. Хусусан самти барасмиятдарории саривақтии гумрукӣ, аз байн бурдани монеаҳое, ки ҳангоми воридоти молҳо аз хориҷи кишвар ба мушоҳида мерасиданд, тартиби декларатсия кардани молҳо ва содда гардонидани расмиёти гумрукиро мутобиқи талаботи қонунгузории амалкунанда ва ҳуҷҷати ягонаи маъмурӣ, ки дар мамлакатҳои Аврупо истифода шуда, ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонист,  дар соли 2010  татбиқ намуд.

Бо ин мақсад дастурамал оид ба тартиби пур кардани декларатсияи бори гумрукӣ ва транзитӣ ва шакли нави маҷмӯи бланкҳои декларатсияи гумрукӣ ва транзитӣ, дар бораи таснифот ва номгӯи маълумоти меъёрию иттилоотие, ки бо мақсадҳои гумрукӣ  истифода мешаванд, ба тасвиб расида, аз соли 2010 инҷониб дар мақомоти гумруки  кишвар амалӣ мегарданд. Инчунин  тартиби нави пур кардани декларатсияи бори гумрукӣ ва транзитӣ бо назардошти дар мақомоти гумрук ҷорӣ намудани Низоми ягонаи автоматонидашудаи иттилоотӣ /СИАЯ/ мавриди амал қарор гирифт. Бо ин мақсад «Қоидаи муваққатии пешниҳод ва қабули декларатсияи электронӣ, инчунин дигар намудҳои мубодилаи маълумоти электронӣ вобаста ба иҷрои расмиёти содирот, воридот ва транзит» ба тасвиб расида, роҳандозӣ гардид. Бо қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар сохтори Хадамоти гумрук шурӯъ аз соли 2012 маъмурияти низоми  иттилоотии автоматонидашудаи ягона (СИАЯ)  ва аз соли 2010 дар назди Хадамоти гумрук Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равзанаи ягона» таъсис дода шудаанд.

Таърих ва ташаккули фаъолияти  гумрукӣ

      Гумрук-00 То ҷое мусаллам аст, пайдоиши гумруку ташаккули фаъолияти гумрукӣ ба пайдоиши давлатҳо, сарҳадоти онҳо ва ташкили бозорҳои дохиливу хориҷӣ иртибот дошта, ҳанӯз дар асрҳои VII – VI пеш аз мелод фаровонии мол, заминҳои ҳосилхези киштбоб, захираҳои маъдани Осиёи Марказӣ боиси фаъол шудани муносиботи тиҷоратӣ гардиданд. Додугирифти савдо миёни қавму халқияти гуногун ривоҷ меёфт. Сарзамини аҷдодиамон дар он замон аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ ба ҳайси пули иртиботӣ  миёни кишварҳои Машриқзамин, назири Чину Ҳиндустон ва мардумони минтақаи назди Волгаю Қазоқистон, Сибиру Аврупои Шарқӣ маҳсуб меёфт, зеро корвонҳои пур аз мол аз қаламрави Осиёи Марказӣ убур мекарданд. Мавриди зикр аст, ки рушди савдо яке аз омилҳои асосии зуҳури низоми андозбандӣ, аз ҷумла муайян намудани боҷу хироҷи гумрукӣ ва пайдоиши мақомоти боҷгир гардид.

                       «Боҷи  дарвоза» аввалин боҷи сарҳадист

         Бори нахуст боҷу хироҷи сарҳадӣ бо номи «боҷи дарвоза ва дигар намуди андозҳо ҷорӣ карда шуданд. Ҳанӯз дар давраи давлатдории аҷдодонамон -сулолаи Сомониён, ки бо низоми пешрафтаи идоракунии давлатӣ маъруф буд, девони «Мӯҳтасиб» фаъолият мекард ва аҷдодонамон бо кишварҳои Аврупов Осиё робитаи густурдаи иқтисодӣ ва сиёсӣ барқарор намуда буданд. Тоҷирони ин кишварҳо дар Самарқанду Бухоро намояндагиҳои доимӣ доштанд. Дар он давраҳо усулҳои мухталифи андоз ва боҷу хироҷ ҷорӣ гардида буд. Агар ба таърихи гумрук дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ назар афканем, дар он солҳо Саридораи давлатии гумруки назди Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ  фаъолият дошт. Дар тамоми қаламрави Осиёи Марказӣ ягона гузаргоҳи гумрукии ба интиқоли мол аз сарҳади гумрукии Иттиҳоди Шӯравӣ назораткунанда,  дидбонгоҳи гумрукии Тирмиз маҳсуб меёфт. 7 апрели соли 1987 шуъбаи фаврии назорати гумрукии Панҷи Поён таъсис дода шуд, ки аз ҷиҳати маъмурӣ ба гумруки Тирмиз тобеъ буд. Роҳбарии воҳидҳои номбурдаи гумрукӣ бевосита аз ҷониби Саридораи давлатии гумруки назди Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ ба амал бароварда мешуд. Моҳи майи соли 1989 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳайати шахсии 41 нафар таъсис дода шуд. Роҳбарии гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Саридораи назорати давлатии гумрукии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба амал бароварда мешуд. Соли 1991 Саридораи назорати давлатии гумрук ба Кумитаи гумруки Иттиҳоди Шӯравӣ табдил дода шуд, Кодекси гумруки Иттиҳоди Шӯравӣ ва Қонуни Иттиҳоди Шӯравӣ «Дар бораи тарифи гумрукӣ» қабул гардиданд.

               Нуқтаи гумрукии Панҷи Поён- мерос  аз замони Шӯравӣ

          Гумрук Нижний Пяндж-222 январи соли 1992 бо таъсиси Саридораи назорати гумрукӣ дар назди Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи Хадамоти гумруки Тоҷикистон гузошта шуд. Ҷараёни барқароршавии мақомоти гумруки ҷумҳурӣ ба шароити хеле мураккаб рост омад, ки бесарусомониҳои сиёсии дохилӣ ба содироти беназорати арзишҳои моддии асоси иқтисодиёти кишварро ташкилкунанда мусоидат намуд. Баъди пош  хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ мақомот, иншооти гумрукӣ ва кадрҳои баландихтисоси соҳаи гумрук берун аз ҳудуди кишварамон монданд. Ба Тоҷикистон танҳо нуқтаи гумрукии Панҷи Поён мерос монда, беш аз 2350 километр сарҳадоти маъмурӣ бо собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба сарҳади давлатӣ табдил ёфтанд.        

Ёди родмардоне, ки дар роҳи ҳифзи амнияти иқтисодии кишвар ҷон нисор кардаанд

          Аз рӯзҳои мавҷудияти мақомоти гумруки  кишвар гумрукчиёни тоҷик садди роҳи гурӯҳҳои ҷинояткоре мегардиданд, ки аз вазъи номӯътадили сиёсӣ ва мақомоти фалаҷгардида истифода бурда, сарватҳои кишварамонро бераҳмона ғорат менамуданд. Кормандони гумрук ҳатто дар душвортарин лаҳзаҳо, ки дар кишварамон  нобасомониҳо  авҷ гирифта буданд, ҷойҳои кории худро тарк накарда, то охир ба вазифаҳои хизматии худ содиқ монданд. Дар чунин шароити вазнин беҳтарин анъанаҳои фаъолияти мақомоти гумруки кишвар  ба вуҷуд омад. Дар арафаи  ҷашни 25-умин солгарди таъсиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ёд намудани хотираи неки аввалин гумрукчиёни тоҷик, ба мисли Мавлон Олимов,  Алмос  Гадоев,  Назирмад  Гулматов,  Рустамбек  Ғаниев,  Ғоиб Мирзоев,  Шавкат Агаев,  Алӣ Имомназаров ва  Сергей Ситковский, ки зимни сарбаландона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ ҷони худро нисор кардаанд, амрест хайр.  Ин родмардони шуҷоъ бо фидокорӣ, далерӣ  ва  меҳнати софдилона дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ дар он шароити ниҳоят мураккаби вазъи сиёсии кишвар мардонагӣ нишон дода,  содиқ монданд. Корномаи чунин родмардони ғаюр  ифтихорест дар ҷодаи садоқат ба Ватан барои насли имрӯз, хусусан гумрукчиёни ҷавон, зеро шуҷоатмандии онҳо дар дар таърихи гумруки кишвар сабт гардидааст.

Тасдиқи нахустин Кодекси гумрук дар Иҷлосияи таърихӣ

       Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар миқёси кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дуюмин шуда, Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тарифи гумрукӣ»-ро таҳия  намуд ва он дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони мардумӣ дар шаҳри бостонии  Хуҷанд ҳамовозӣ ёфта, тасдиқ гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 инҷониб аъзои Созмони ҷаҳонии гумрукӣ ва иштирокчии конвенсияҳои байналмилалӣ дар соҳаи гумрук мебошад Соли 2004 Кодекси нави гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси меъёрҳои эътирофшудаи умумибашарӣ ва таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ таҳия гардид, барои рушду такомули заминаҳои ҳуқуқии соҳа марҳилаи сифатан нав ба шумор меравад. Дар амал ҷорӣ гардидани Кодекси нав, яке аз омилҳои асосии инкишофи иқтисодиёти мамлакат гашта, барои пур кардани буҷети кишвар, фаъолгардонии соҳибкорӣ ва тиҷорат, ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат менамояд.  

                     Таъмиру таҷдиди инфрасохтори гумрукӣ

        Гумрук Нижний ПянджМақомоти гумрук аз рӯзҳои аввали ташкил шуданаш ягон заминаи моддию техникӣ надошт. Алҳол Хадамоти гумрук ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда, қариб тамоми дидбонгоҳҳои гумрукӣ ва биноҳои маъмурӣ дорои заминаи моддию техникии замонавианд. Танҳо дар зарфи 25 соли охир аз ҳисоби маблағҳои махсуси Хадамот беш аз 50 иншооти  нав  ба истифода дода шуда, зиёда аз сад иншоот таъмиру таҷдид гардиданд. Бо дастгирии Сафорати Амрико дар масоҳати 24 гектар дидбонгоҳи гумрукии «Панҷи Поён» ва Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук сохта шуда, бо таҷҳизоти назоратии замонавӣ таъмин гардиданд. Бо маблағгузории Бонки осиёии рушд /БОР/ дидбонгоҳҳои гумрукии «Кулма», «Қизил-Арт», «Қарамиқ», «Айвоҷ», «Қӯштегирмон» «Гулистон» ва Терминали «Дустӣ» ба истифода дода шуданд. Инчунин 8 иншооти гумрукӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, дар доираи барномаи Иттиҳоди Аврупо «БОМКА – КАДАП» биноҳои дидбонгоҳҳои гумрукии «Тем», «Рузвай», «Ишкошим», «Нов», «Пролетар», «Пахтаобод», «Хошадӣ» ва  «Патар»-мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон  Терминали гумрукии «Мурғоб» сохта шуда, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардид. Дар ин давра мақомоти гумрук  дорои таҷҳизоти назоратии муосир шуд. Кормандони мақомоти гумрук барои пешбурди фаъолияти хизматиашон бо таҷҳизоти муосири коргузорӣ, муоина ва назорати гумрукӣ таъминанд. Бо мақсади баланд бардоштани вазъи иҷтимоии кормандон аз ҳисоби маблағҳои махсуси Хадамот 60 нафар кормандони мақомоти гумрук бо манзилҳои истиқоматӣ таъмин гардиданд. Ҳамзамон дар арафаи ҷашни 25- солагии мақомоти гумрук дар Терминали наздисарҳадии байналмилалии автомобилии «Дӯстӣ»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Терминали Дӯстӣ» дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Рисолати мақомоти гумрук таъмини амнияти иқтисодист

Дар шароити феълии   рушди иқтисоди бозоргонӣ дар кишвар мақомоти гумрук дар ғанӣ гардонидани Буҷети давлатӣ яке аз ниҳодҳои калидӣ маҳсуб  ёфта, нақши он дар самти танзими фаъолияти иқтисодии хориҷии кишвари соҳибистиқлоламон -Тоҷикистон басо муассир аст. Ҳамзамон таъмини амнияти иқтисодии кишвар аз рисолати асосии Хадамоти  гумруки назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон буда,  аз ин рӯ ҳамчун мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият намуда, дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ таъсиррасон аст. Рисолати Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ ҳамчун  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қабл аз ҳама, ба мубориза бар зидди қонуншиканиҳои гумрукӣ ва қочоқи молу маҳсулот, ҷилавгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, яроқи оташфишон, аслиҳа, ҳифзи сарватҳои моддиву фарҳангии халқамон ва  назорат  аз болои содироти молҳои муҳими дорои аҳамияти стратегӣ  нигаронида шудааст.

 Марзия САИДЗОДА,

хабарнигори АМИТ  «Ховар».

 

Январь 22, 2017 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Сангвор 17 манзили истиқоматӣ супорида шуд
COP29 бо қадамҳои муҳим дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва лоиҳаи нави маблағгузорӣ ба анҷом расид
Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим ва Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон бо гармӣ таъмин мебошанд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Чӣ тавр ёварони овозӣ дар ҳолатҳои гуногуни зиндагӣ кумак мекунанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд