26 январ- Рӯзи байналмилалии гумрук. Тоҷикистон ду сол қабл ба Конвенсияи Киото ҳамроҳ гардид

Январь 26, 2017 15:36

               ДУШАНБЕ, 26.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 26 январ Рӯзи байналмилалии гумрук таҷлил мегардад. Таърихи таҷлили ин сана аз соли 1952, ҳангоме ки Конвенсия оид ба таъсиси Шӯрои ҳамкории гумрукӣ эътибор пайдо кард, шурӯъ гардид. 26-27 январи соли 1953 дар шаҳри Брюссел нахустин конфронси муассисони Шӯрои ҳамкории гумрукӣ доир шуд. Дар нишасти нахустин, ки 17 кишвари аврупоӣ даъват гардида буд, Конвенсия оид ба ҳамкории гумрукӣ қабул шуд ва эътибор пайдо кард. Дар ин росто шурӯъ аз 26 январи соли 1983 Рӯзи байналмилалии гумрук ҳар сол дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад.

Рисолати СҶГ

           Гумрук Нижний Пяндж-2Моҳи октябри соли 1994 Шӯрои ҳамкории гумрукӣ ба Созмони  ҷаҳонии гумрук /СҶГ/, ки  яке аз вазифаҳои асосии он  соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ бо мақсади таъмини ҳадди мусоидат ба тиҷорати ҷаҳонист, табдил дода шуд. Ҳадафи дигари СҶГ ба  омӯзиши  масоили ҳамкории гумрукӣ, таҳия ва паҳн намудани тавсияҳо оид ба масъалаҳои гумрукӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои афзалиятноки ҳамкории хадамоти гумруки кишварҳои гуногуни ҷаҳон, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ, ҳамоҳангсозии хадамоти гумрук дар саросари ҷаҳон дар мубориза бар зидди қочоқ ва вайронкуниҳои қоидаҳои гумрукӣ нигаронида шудааст.

Ҳадафи СҶГ

           Созмони ҷаҳонии гумрук ба ҳайси маркази байналмилалии ташхиси гумрукӣ дар самти  баррасӣ, рушд ва такмили техникаи коргузорӣ ва қонунгузории гумрукӣ нақши муҳим дорад. Фаъолияти созмон ба дархости аъзои он иртибот дорад. Дастгоҳ ва таҷрибаи пешрафтаи СҶГ ҳамчун асос барои фаъолияти муосири  хадамоти  гумруки кишварҳои ин созмон  эътироф гардидааст. Ҳадафи асосии Созмони ҷаҳонии гумрук баланд бардоштани самаранокии фаъолияти хадамоти гумруки кишварҳои созмон тавассути тадбирҳои мусоидаткунанда ба рушди миллӣ, назири  тақвияти амнияти миллӣ, афзун намудани пардохти андоз ва ҷамъоварии омор доир ба тиҷорати хориҷӣ мебошад.

Мақоми олии СҶГ

      Гумрук-00Мақоми олии СҶГ – ҷаласаи Шӯро аст, ки дар як сол дар охири моҳи июн баргузор мегардад. Сохтори СҶГ  ба шаш минтақа тақсим гардидааст, ки тамоми қитъаи ҷаҳонро  фаро мегирад. Яке аз калонтарин минтақаҳои ин созмон — Иттиҳоди Аврупост,  ки беш аз 50 кишварро дар бар гирифтааст.

Имрӯзи гумрук

         Гумрук дар шароити муосири  ҷомеаи ҷаҳонӣ асосан се вазифа- фискалӣ, иқтисодӣ ва ҳимоявиро иҷро менамояд. Рисолати иқтисодии он мусоидат ба савдои байналмилалӣ бо созгории шароити низоми барасмиятдарории мол, вазифаи ҳимоявиаш ба  пешгирии ҷинояткорӣ дар убури сарҳад нигаронида шудааст.

СҶГ 170 кишвари дунёро дар худ  муттаҳид намудааст

          Алҳол СҶГ, ки қароргоҳаш шаҳри Брюссели Белгия аст,  беш аз 170 кишвари дунёро дар худ муттаҳид менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  1 июли соли  1997 инҷониб узви  Созмони ҷаҳонии  гумрук мебошад. Алҳол СҶГ тақрибан 98 % тиҷорати ҷаҳонро назорат мекунад. Моҳи сентябри соли 2014 Дабири кулли  Созмони ҷаҳонии гумрук  Кунио Микурия /Ҷопон/ ба Тоҷикистон ташриф оварда,  бо роҳбарияти мақомоти гумруки  кишвар мулоқот намуд ва ҳамзамон аз  дидбонгоҳҳои гумрукии Тоҷикистон боздид кард.

Тоҷикистон дар самти  ҳамкории байналмилалии гумрукӣ фаъол аст

       Гумрук Нижний ПянджТаҷлили Рӯзи байналмилалии гумрук дар ҳолест, ки 22 январи соли 2017 аз таъсиси мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сол сипарӣ гардид. Дар самти ба роҳ мондан ва тавсеаи равобити байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар масъалаҳои гумрукӣ  ва пайвастан ба  созмонҳои бонуфузи байналмилалии  гумрукӣ аз соли 2004 инҷониб дар сохтори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати  ҳамкории байналмилалии гумрукӣ фаъолият дорад. Робитаҳои  дуҷонибаи мақомоти  гумруки кишвар  бо шарикони хориҷӣ  дар асоси шартномаҳои байналмилалии дуҷонибаи байнидавлатию байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ роҳандозӣ гардидааст. Махзани комили ҳуқуқи байналмилалии  соҳаи фаъолияти гумрукӣ   мавҷуд аст, ки  ба фаъолияти мақомоти гумрук  ва нуфузи байналмилалии  кишварамон  таъсири мусбат мерасонад.  Хадамоти гумрук бо мақсади ҳамоҳангсозӣ ва ҳаммонандкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии гумрукӣ ва истифодаи таҷрибаи  байналмилалии умумиэътирофшудаи расмиёти гумрукӣ дар ҳамкории байналмилалии соҳаи  фаъолияти гумрукӣ  иштироки фаъол дорад. Аз ҷумла, бо Конвенсияи  байналмилалӣ оид ба соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ –Конвенсияи Киото ҳамроҳ гардидааст.

Конвенсияи Киото

        Гумрук-2Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи  байналмилалӣ  оид ба соддагардонӣ  ва ҳамоҳангсозии  расмиёти гумрукӣ (дар таҳрири нав)  1 октябри соли 2015 ҳамроҳ гардид. Конвенсияи мазкур 8 майи соли 1973 дар шаҳри Киотои Ҷопон қабул гардид ва беш аз 70 кишвари ҷаҳон аъзои ин созмони бонуфузи гумрукиянд. Ҳадафи таҳияи Конвенсия дар таҳрири нав   соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ ва қоидаҳо аст. Конвенсия барои ҳавасманд гардонидани фаъолияти тиҷорати хориҷӣ бо роҳи соддагардонӣ  ва тезонидани марҳилаи барасмиятдарории гумрукӣ  ва назорати гумрукӣ, маҳдуд намудани манфиатҳои давлат ва ҷомеа дар мавриди ситонидани боҷ ва андозҳо, ҳимояи бозори дохилӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
Конвенсия асоси эътирофшуда барои ҳамоҳангсозии қонунгузории давлатҳои узви СҶГ маҳсуб  мешавад. Ҳамроҳ шудани кишвари мо ба  Конвенсияи Киото имконият медиҳад, ки ҳамоҳансозии қонунгузории гумрук ба стандартҳои  байналмилалӣ ва қоидаҳои ба таври умум эътирофшуда мувофиқ гардад. Ҳамоҳангсозӣ ва соддагардонии расмиёти гумрукӣ дар доираи Конвенсия барои бартараф намудани монеаҳои берунӣ дар муносиботи тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон бо  кишварҳои хориҷи дуру наздик мусоидат менамояд. Инчунин Тоҷикистонро  дар радифи дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон  дар ҳалли масоили байналмилалии вобаста ба гумрук фаъол гардонида, боиси баланд гардидани  нуфуз ва эътибори кишвари мо дар миёни  кишварҳои аъзои ин Конвенсия мегардад. Кодекси амалкунандаи гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меъёрҳо ва принсипҳои Конвенсияи Киото асос ёфта, ба он ҷавобгӯст.

Ҳамкории байналмилалии мақомоти гумруки кишвар тавсеа ёфтааст

     ГУМРУК (1)  Хадамоти гумрук дар доираи  ваколати  худ иштироки   бонуфузи кишварамонро дар масъалаи ҳамкории байналмилалӣ  дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ  дар доираи Иттиҳоди  Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, Созмони ҳамкории Шанхай /СҲШ/, Созмони ҳамкории иқтисодӣ /СҲИ-ЭКО/,  Барномаи минтақавии ҳамкории  иқтисодии  Осиёи Марказӣ ва Кумитаи ҳамкории гумрукии Бонки осиёии рушд  доир ба масъалаҳои  барпо намудани  минтақаи савдои озод, ҷорӣ намудани тартиби ягонаи  андозбандӣ, мубодилаи иттилоот байни мақомоти  гумрук ва рушди  ҳамкории дуҷониба таъмин менамояд. Санади заминавии  ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи гумрукӣ  Созишнома оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ маҳсуб меёбад, ки тамоми ҷанбаҳои ҳамкории  соҳаи гумрукро дар бар мегирад. Ҷумҳурии Тоҷикистон  узви Созмони ҷаҳонии гумрукӣ буда, ба зиёда аз 100 конввенсия ва  созишномаҳои  байналмилалӣ шомил аст. Алҳол  беш аз 48  созишномаи байналмилалии байниҳукуматӣ  ва байниидоравии  соҳаи фаъолияти гумрукӣ бо кишварҳои Арманистон, Афғонистон,  Беларус, Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон,  Туркия, Эрон, Чин,  Украина  ва дигар давлатҳо ба  имзо расонида шудаанд. Дар зарфи фаъолияти худ Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ  ҳамкории самаранокро ба роҳ монда, аз кумакҳои  техникии онҳо  дар таҳкими инфрасохтори гумрукӣ, таҷҳизонидани  иншооти гумрукии наздисарҳадӣ, замонависозии мақомоти гумрук, хусусан автоматикунонии равандҳои гумрукӣ бархурдор гардид.

Дар Рӯзи байналмилалии гумрук аз мақомоти гумруки кишвар ба  АМИТ  «Ховар» иттилоъ доданд, ки тавсеаи ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои гумрукӣ, инчунин густариши равобити мутақобилан судманди дуҷониба ва бисёрҷониба бо мақомоти гумруки кишварҳои хориҷӣ зарурати воқеист.

                          Марзия САИДЗОДА,

 хабарнигори «Ховар».

Январь 26, 2017 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ баргузор шуд
Huawei — пешсафи бозори ҷаҳонӣ
Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ доир шуд
Соли равон гардиши мол байни Тоҷикистону Русия 19,8% афзуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд ба беш аз 2 миллиард доллари ИМА расонида шуд
Соҳибкорону саноатчиёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қадрдонӣ гардиданд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи татбиқи лоиҳаи Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиёӣ иштирок намуд
Дар шаҳри Турсунзода аз 4504 кг ангури хушккардашуда 1126 кг мавизи хушсифат истеҳсол намуданд
Ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Тотористон тақвият меёбад
Дар шаҳри Исломобод Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Покистон баргузор гардид
Дар Рӯзи кормандони соҳаи энергетика фаъолони соҳа қадрдонӣ шуданд