Аҳтам Абдуллозода: «Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ захираҳои бойи Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад»
ДУШАНБЕ, 12.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муаррифии захираҳои бойи таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии кишвар дар сатҳи байналмилалӣ соли 2016 дар якчанд намоишгоҳҳои байналмилалӣ иштирок намуд. Аз ҷумла, дар панҷоҳумин намоишгоҳи байналмилалии туристии «ITB Берлин 2016» иштирок намуда, гӯшаи туристии кишварро ба намоиш гузошт. Ин нуктаро имрӯз Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.
«Бо истифода аз имконияти муносиб дар Форуми 5-уми ширкатҳои туристӣ иштироки намояндаи Тоҷикистон таъмин гардид»,- гуфт раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ. Дар доираи намоишгоҳи мазкур таҳти унвони «Тоҷикистон кишвари туризм» ҳамоиш доир гардид, ки дар он 2500 адад руқъа, харита, фитта ва брошураҳо тақсим карда шуда, муаррифии китоби Дагмар Шрейбер «Роҳнамои сайёҳ» роҷеъ ба имкониятҳо ва захираҳои бойи туристии Тоҷикистон доир гардид.













Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






