Ҳамоиш доир ба истиқболи Соли ҷавонон
Б. ҒАФУРОВ, 12.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба эълон гардидани Соли 2017- соли ҷавонон бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии ноҳия барои ҷалби ҷавонон ба барномаҳои маърифатию варзишӣ дар деҳаи Мирзоработи ҷамоати Чашмасор бо иштироки зиёда аз 400 нафар сокинону ҷавонон ҷамъомад доир шуд.
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ бо ҷавонон, хонандагони синфҳои болоии мактабҳо ва волидайн оид ба роҳу омилҳои пешрафти кори ҷавонон дар омўзиши касбу ҳунар, машғул шудан ба варзиш ва баланд бардоштани ҳисси ватандўстии ҷавонон суҳбати озод намуд.
Зимни ҳамоиш аҳли ҷомеа аз он изҳори хушнудӣ намуданд, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 ин насли ояндасози кишварро ба иҷрои накшаву амалҳои созанда баҳри пешрафти кишвар раҳнамун месозад. Ҷавонони деҳоти Чашмасор доир ба масъалаҳои вобаста ба фаъолияти минбаъдаи ҷавонон назару пешниҳоди хешро иброз доштанд.