Ҷамшед Каримзода: «Соли 2016 пардохти музди меҳнат, нафақа, стипендия, ҳама намуди ҷубронпулиҳо ва кумакпулиҳо ба аҳолӣ таъмин гардид»

Январь 27, 2017 15:26

ДУШАНБЕ, 27.01.2017. /АМИТ Ховар/. Имрӯз дар нишасти матбуотии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода, муовини якуми вазир ба хабарнигорон ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ ва иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2016 шарҳ дода, зикр кард, ки порсол новобаста аз таъсири омилҳои берунӣ рушди воқеии Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ нисбат ба соли 2015 0,9 банди фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми номиналии он ба 54, 4 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2015 0,6 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
«Ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ ба маблағи 17, 5 миллиард сомонӣ ё ба андозаи 95,7 фоиз таъмин гардид, ки ин нисбат ба нақша 781, 2 миллион сомонӣ кам ва нисбат ба соли 2015 1422, 9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ дар ин давра ба андозаи 92,5 фоиз ё ба маблағи 7,3 миллиард сомонӣ таъмин гардид, ки ин нисбат ба нақшаи пешбинигардида 586,1 миллион сомонӣ кам мебошад.
Қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ ба андозаи 97, 4 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 4030, 4 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки ин аз нақшаи пешбинишуда 107, 6 миллион сомонӣ кам мебошад»,- изҳор дошт Ҷамшед Каримзода.
Ҷамшед Каримзода ҳамчунин таъкид намуд, ки дар соли 2016 барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ зиёда аз 8,9 милиард сомонӣ равона гардид, ки 48, 4 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Дар доираи он маблағгузории музди меҳнат, нафақа, стипендия, ҳама намуди ҷубронпулиҳою кумакпулиҳо ба аҳолӣ таъмин гардид.

Январь 27, 2017 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд