Анҷумани ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон доир мегардад
ДУШАНБЕ, 27.01.2017 /АМИТ Ховар/. Имрӯз, 27 январи соли равон дар бинои «Қасри афсарон»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Анҷумани ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, мақсади асосии Анҷумани ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонон- ин ба нақша гирифани фаъолияти Иттифоқ, дар сатҳи баланд таҷлил намудани Соли ҷавонон ва 20- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошад. Ҳамчунин масъалаи қабули Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд.
Дар кори анҷуман намояндагони вазорату идораҳо, минтақа ва вакилони анҷуман иштирок менамоянд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






