Ҷавонону занони фаъоли ноҳияи Вахш Паёми Пешвои миллатро дастури кори худ хонданд
ҚӮРҒОНТЕППА, 05.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар қасри фарҳанги ноҳияи Вахш бо иштироки сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Раъно Раҳимзода оид ба баррасӣ ва фаҳмонидани моҳияти Паёми навбатии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон шудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ҳамоиш доир гардид.
Тавре аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷамъомад оид ба моҳият ва муҳтавои Паёми Пешвои миллат ва ташаббусҳои Сарвари давлат дар самти об дар сатҳи байналмилалӣ сухан гуфтанд.
Иштирокчиёни ҳамоиш ҳамзамон масъалаҳои зиёд намудани теъдоди занонро дар соҳаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар марказҳои хизматрасонӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






