Ба бозомӯзӣ фаро гирифтани геологҳо аз рӯи 8 ихтисос

Январь 10, 2017 13:06

geologiya-5 116 нафар мутахассисони Саридораи геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ дар муассисаи давлатии «Маркази таълимӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо»-и Саридора ба таҳсил ва такмили ихтисос фаро гирифта шудаанд.
Мурод Ҷумазода, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ 10 январ дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки дар иртибот ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Саридораи геологияи кишвар ба баланд бардоштани савияи дониш ва такмили ихтисоси кормандону мутахассисони ҷавони корхонаҳои воҳидии Саридораи геология таваҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Дар соли 2016 ба такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифтани 116 нафар кормандони ин ниҳод аз рӯи ҳашт ихтисос, ба мисли аксбардории геологӣ, усулҳои геофизикӣ, гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ, мошинисти дастгоҳҳои пармагарӣ, ҳуқуқи роҳбарӣ ба амалиёти кӯҳкорию таркишӣ, таркишгарон, маркшейдер, устои кӯҳӣ далели ин гуфтаҳост.
Дар маҷмӯъ, теъдоди кормандону мутахассисони дастгоҳ ва сохторҳои зертобеи Саридораи геологияи кишвар 862 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 326 нафарашон дорои маълумоти олӣ мебошанд.

Январь 10, 2017 13:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ