Ба истифода додани дидбонгоҳи гумрукии «Гулистон» дар шимоли Тоҷикистон
ДУШАНБЕ,11.01.2017. /АМИТ «Ховар/. Дар арафаи таҷлили рӯзи таъсиси мақомоти гумруки Тоҷикистон дар шаҳри Исфара дидбонгоҳи гумрукии «Гулистон»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ба истифода дода шуд.
Аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дидбонгоҳ бо маблағгузории Бонки осиёии рушд дар доираи Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи марказӣ «Лоиҳаи минтақавии такмили хадамоти назди сарҳадӣ»-и Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2015 оғоз гардида, дар зарфи беш аз 1,5 сол ба анҷом расонида шуданд.
Дидбонгоҳи гумрукии «Гулистон» дорои тамоми шароит ва инфрасохтори муосир, аз ҷумла бинои равзанаи ягона, ду нуқтаи назорати иҷозатдиҳӣ, хобгоҳ, майдончаи варзишӣ, гармхона буда, ба шабакаҳои обу корезӣ ва гармидиҳӣ пайваст аст. Ҳамзамон маҷмаи тозабунёд бо таҷҳизоти назоратии замонавӣ, аз қабили тарозуи рақамии 100 тоннагӣ, камераҳои назоратӣ ва таҷҳизоти озмоишии замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Бунёд ва ба истифода додани дидбонгоҳи гумрукии «Гулистон» барои фаъолияти мутахассисони Хадамоти гумрук ва дигар сохторҳои марбута шароити мусоид фароҳам овардааст. Таъсиси равзанаи ягона дар дидбонгоҳ, ки бо таҷҳизоти муосир муҷҷаҳаз гардидааст, имкон медиҳад фаъолияти кормандони гумрук шаффоф ба роҳ монда шуда, назорати гумрукӣ бо сифати баланд ва дар муҳлати кӯтоҳ сурат гирад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






