Баланд бардоштани сатҳи касбомўзӣ дар муассисаҳои таълимӣ-бардошт аз Паёми Пешвои миллат
ДУШАНБЕ, 27.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз, 27 январ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Сардори Раёсати назорати умумии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусамӣ Содиқзода Паёми Пешвои миллатро раҳнамо ва барномаи амал барои вазорату идораҳо, сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои соли 2017 хонд.
«Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат таъсиси ҳарчи бештари ҷойҳои нави корӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани сатҳи касбомўзӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ҷалби бештари занону ҷавонон ба омўзиши касбу ҳунарҳои ҷавобгў ба талаботи бозори меҳнат, масъалаҳои муҳим ва ҳалталаб муайян гардидаанд.
Бинобар ин, масъулини вазоратро зарур аст, ки барои сари вақт иҷро кардани дастуру супоришҳои Сарвари давлат тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд»,-илова намуд Абдусамӣ Содиқзода.
Зимни муҳокимаи масъала инчунин Прокурори калони Раёсати назорати умумии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Усмоналӣ Холиқзода ва масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






