Барои шоирон ва санъаткорони наврасу ҷавони муваффақ дар вилояти Суғд стипендия таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 18.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави эълон гардидани Соли 2017- соли ҷавонон ва бо мақсади дастгирии моддӣ ва маънавии шоирон ва санъаткорони наврасу ҷавони муваффақ дар вилояти Суғд стипендияи Раиси вилоят таъсис дода шуд.
Дар ин бора Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ 17 январ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба иттилои Раиси вилоят, 12 нафар шоиру нависандагон ва санъаткорони наврасу ҷавони вилояти Суғд ҳар моҳ ба миқдори 500 сомонӣ стипендияи Раиси вилоятро дарёфт хоҳанд кард.