Баррасии 3 лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматии Россия ва Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират
ДУШАНБЕ, 30.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор гардид.
Тавре ки аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа дар баробари ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти саноат, коркарди нафту газ, нақлиёт, илм ва маориф, инчунин масъалаҳои муҳоҷират низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо 3 лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматии Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират, дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баамалбарории фаъолияти муваққатии меҳнатии дар қаламрави Федератсияи Россия ва дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ (нафақаи суғуртавӣ) мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин ҷонибҳо идомаи корро дар самти ҳамкории дуҷониба оид ба иҷрои Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба фаъолияти меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз 16 октябри соли 2004, гузаронидани маслиҳатҳои экспертӣ оид ба лоиҳаи Созишнома байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар самти таъмини иҷтимоӣ (суғуртаи нафақавӣ), мавқеи Намояндагии ВКД Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират, идомаи кори гурўҳи экспертии муштараки Тоҷикистону Россия ҷиҳати баррасии аризаҳои шаҳрвандон тибқи 5 категория барои аз рўйхат хориҷ намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воридшавиашон ба Федератсияи Россия муваққатан манъ аст, идома додани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба навовариҳо дар қонунгузории тарафҳо дар самти муҳоҷиратро таҳлил намуданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






