БМТ сатҳи таваррумро дар моҳи декабр шарҳ додааст
ДУШАНБЕ, 12.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар моҳи декабри соли 2016 тибқи маълумоти оморӣ сатҳи таваррум раванди муътадил дошта, 0,3 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба моҳи қаблӣ 0,3 банди фоизӣ ва моҳи декабри соли гузашта 0,1 банди фоизӣ кам мебошад. Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба таварруми ҳосилшуда дар моҳи декабр асосан ба андозаи 1,0 фоиз болоравии нархи молҳои озуқаворӣ, аз ҷумла равғани пахта, чой, шир ва маҳсулоти хусусияти мавсимидошта, аз қабили картошка, пиёз ва себ таъсир расонид. Ҳамзамон дар ин моҳ нархи молҳои ғайриозуқа бетағйир монда, хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ ба андозаи 1,2 фоиз коҳиш ёфтанд.
Бо вуҷуди таъсири фишорҳои берунӣ дар соли сипаришуда сатҳи муътадили нархҳо дар ҷумҳурӣ нигоҳ дошта шуд. Аз рӯи ҷамъбасти соли 2016, сатҳи таваррум 6,1 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта ҳамагӣ ба андозаи 1,0 банди фоизӣ зиёд мебошад. Нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби афзоиши нархҳои маҳсулоти озуқаворӣ 6,8 фоиз, маҳсулоти ғайриозуқа 5,7 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 4,5 фоиз ба амал омад.
Қобили зикр аст, ки таваррум нисбат ба дурнамои он, ки дар соли 2016 дар сатҳи 7,0 фоиз пешбинӣ гардида буд, ба андозаи 0,9 банди фоизӣ кам мебошад.
Бояд зикр намуд, ки таваррум яке аз нишондиҳандаи муҳими макроиқтисодӣ барои нигоҳдории устувории фазои макроиқтисодии кишвар ба шумор рафта, нишондиҳандаи муътадили он ҷиҳати беҳбуди вазъи иҷтимоии аҳолӣ, ҷалби сармоягузориҳо ва рушди истеҳсоли маҳсулот дар кишвар мусоидат мекунад.
Бонки миллии Тоҷикистон аз болои нархҳои маҳсулоти ниёзи мардум назорати доимӣ гузаронида, дар асоси он ҷиҳати коҳиш додани таъсири омили монетарӣ ба сатҳи нархҳо тавассути истифодаи фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, нигоҳдории афзоиши муътадили пешниҳоди ҳаҷми пул ва инчунин бартараф намудани таъсири фишорҳои берунию дохилӣ ба сатҳи нархҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






