Боздиди донишҷӯёну устодон аз корхонаҳои бузурги саноатӣ тавассути хатсайри Душанбе-Қўрғонтеппа-Кўлоб
ДУШАНБЕ, 17.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори раёсати Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 январи соли 2017 гурӯҳи устодону донишҷўёни донишкада тавассути қатораи хатсайри Душанбе-Қўрғонтеппа-Кўлоб ба тамошои корхонаҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлон баромаданд.
Тавре ки масъулини донишкада хабар доданд, мақсад аз сафар боздид аз корхонаҳои бузурги саноатии вилояти Хатлон ва шиносоӣ бо сатҳу сифати хизматрасонии роҳи оҳан дар хатсайри чанде пеш ба фаъолият оғоз намудаи Душанбе-Қўрғонтеппа-Кўлоб буд.
Сараввал устодону донишҷўёни донишкада аз шароит ва имконоту хизматрасониҳои истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе дидан карданд.
Катораи Душанбе-Қўрғонтеппа-Кўлоб бо ҳайати устодону донишҷуён соати 8.30 ба сафар баромад. Тавре ки Гулноз Зокирова, донишҷӯи соли чоруми донишкада иброз дошт, вагонҳои қатора тозаю озода буданд. «Роҳбаладон низ бо рӯҳияи болида аз устодону донишҷўёни донишкада истиқбол намуданд. Дохили вагонҳо тамоми шароитро доро буд. Сарнишинони қатора пайваста талош менамуданд, ки мусофирон аз сафари хеш таассуроти нек бардоранд. Ҳамин аст, ки онҳо бо мо бо меҳрубонии хосаю самимӣ муносибат мекарданд ва тамоми имконоти маишию истироҳатии қатораро барои мо муҳайё сохтанд»,-илова намуд Гулноз Зокирова.
Талошҳои кормандони қатораи хатсайри Душанбе-Қўрғонтеппа-Кўлоб имкон доданд, ки сафари ҳайати устодону донишҷӯёни Донишкада ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон хотирмон гузарад.
Устодону донишҷўёни Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат сараввал аз корхонаи истеҳсоли сементи шаҳри Ёвон- «ШБИ Чжунгтсай моҳир семент» дидан намуданд. Корхона 24 августи соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор шурӯъ намуда буд. Устодону донишҷўёни донишкада бо раванди фаъолияти коргоҳҳои истеҳсолии корхона аз наздик шинос шуда, бо кормандону мутахассисон оид ба махсусияти истеҳсолот, истифодаи технологияҳои нав дар ҷараёни истеҳсолот суҳбат намуданд.
Баъд аз ошноӣ бо ҶДММ «ШБИ Чжунгтсай моҳир семент» қатора ҷониби шаҳри Данғара роҳ пеш гирифт. Дар истгоҳи шаҳри Данғара намояндагони Мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ устодону донишҷўёнро истиқбол гирифта, ҷониби Маҷмааи нассоҷии «Чжунгтсай-Данғара Син-Силу Текстил» равон шуданд. Корхонаи мазкур аз бузургтарин коргоҳҳои нассоҷии Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, шурӯъ аз 31 августи соли гузашта бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз намудааст.
Дар маҷмааи нассоҷии «Чжунгтсай-Данғара Син-Силу Текстил» дар айни ҳол 600 нафар сокинони маҳаллӣ кор карда, дар як сол 15 ҳазор тонна пахтаи ватаниро коркард менамоянд. Дар ҳоли пурра ба кор андохтани коргоҳи мазкур иқтидори солонаи коркарди 52 ҳазор тонна пахта ва истеҳсоли 150 миллион метри мураббаъ матоъ дар назар аст.
Устодону донишҷўён дар коргоҳи мазкур бо равандҳои истеҳсолӣ ва технологияҳои муосири коркарди маҳсулот шинос шуданд. Ба кор андохтани чунин корхонаҳои пуриқтидори замонавӣ барои пешбурди иқтисодиёти мамлакат, таъмини ахолӣ бо ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагонии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Тавре донишҷӯёну устодони донишкада аз таассуроти худ аз корхонаҳои бузурги саноатӣ нақл карданд, тамошои ин коргоҳҳо ба онҳо рӯҳу илҳоми тоза бахшида, барои минбаъд беҳтар ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия, ҳамоҳангсозии таълим ва илму истеҳсолот мусоидати бештар хоҳад кард.
Идомаи сафари ҳайат ҷониби шаҳри бостонии Кўлоб буд. Дар шаҳри Кўлоб устодону донишҷўёни донишкадаро намояндагони ҳукумати шаҳр истиқбол намуданд. Фазои шаҳри бостонии Кўлоб ва пазироии гарм барои ҳайати донишкада як ҷаҳон таассурот бахшида, бозгашт ҷониби шаҳри Душанберо боз ҳам хотирмон сохт.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






