Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор»- идомаи ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар СММ

Январь 18, 2017 10:42

Sem_ob_1ДУШАНБЕ, 18.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии бонк дар робита ба қабули қатъномаи СММ оид ба Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 ҷаласа баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти бонки мазкур хабар доданд.
Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода аз нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешниҳоди Қатъномаи мазкур сухан намуд.
«Қабули қатъномаи мазкур, ки боиси ифтихори ҳар як нафари мо мебошад, бо ташаббуси бевоситаи давлати Тоҷикистон ва Пешвои миллати он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт Пешниҳоди Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 бори нахуст аз ҷониби Пешвои миллат моҳи апрели соли 2015 дар маросими ифтитоҳи Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ садо дода буд. Дар Форум Сарвари давлати мо вобаста ба раванд ва натиҷаҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 ибрози ақида намуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба таваҷҷуҳи бештар дар ҳалли масъалаҳои об ва муҳайё намудани заминаи хуб барои гузариш ба мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об даъват намуда буданд»,-илова намуд Ҳамидулло Машрабзода.
Дар робита ба афзоиши пайвастаи аҳолӣ дар дунё, тағйирёбии иқлим, офатҳои табиӣ, норасоии об, касалиҳои сироятӣ ва дигар ҳаводиси марбут ба об Президенти кишвар ҷиҳати тақвият додани дастовардҳои то ба имрӯз ноилшуда ва муҳайё сохтани платформаи иловагӣ ҷиҳати мусоидат ба иҷрои ҳадафҳои рушди устувор дар қисмати об, эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии амал зери шиори «Об барои рушди устувор»-ро пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби ширкаткунандагони ин Форум пазируфта шуда, ба Маҷмааи Умумии СММ манзур гардид. Қатъномаи мазкур чанде пеш қабул карда шуд, ки ин аз сиёсати муваффақи Президенти мамлакат ва Ҳукумати кишвар дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.
Иштирокчиёни ҷаласа дар мавриди аҳамияти қатъномаи мазкур ибрози андеша намуда, таъкид доштанд, ки зимни пешниҳоди Паём Пешвои миллат иброз доштанд, ки ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ дар се соли оянда аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати кишвар дониста мешавад. Яъне Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор», ки ҳадаф аз он бештар кардани маблағгузорӣ ба соҳаи об ва рушди ҳамкорӣ дар ин самт мебошад, барои боз ҳам бештар намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин масъала бояд мусоидат кунад.
Умед аст, ки дар ин давра кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз имкониятҳои фароҳамшаванда барои рушди устувори худ ва минтақа самаранок истифода хоҳанд бурд.

Январь 18, 2017 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст