Дар Ҷаласаи XVII Шӯрои машваратӣ рушди соҳибкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд

Январь 30, 2017 16:49

ДУШАНБЕ, 30.01.2017./АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷаласаи XVII Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, амалӣ намудани як зумра тадбирҳо дар самти рушди соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, истеҳсоли маҳсулоти инноватсионӣ, коҳиш додани воридот ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат, инчунин нақши неруи созандаи бахши хусусӣ дар рушди иқтисодии мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода оид ба мониторинги иҷрои қарорҳои қаблии Шӯрои машваратӣ гузориш дода, таъкид намуд, ки қарорҳои дар ҷаласаи қаблӣ қабулгардида ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ, таҳлили низоми андозбандии фаъолияти соҳибкорӣ, таблиғоти бештари маҳсулоти ватанӣ тариқи ВАО ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои байналмилалии ҷумҳурӣ равонашуда иҷро гирдиданд.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода вобаста ба масъалаи дуюм оид ба натиҷаҳои таҳлили беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои энергетика ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо дар ин самт гузориш дод.
Вобаста ба масъалаҳои дахлдори ҷаласа намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд низ сухан гуфтанд. Дар робита ба масъалаи дуюм узви шӯро аз бахши хусусӣ, роҳбари ҶДММ «Кафолат» дар бораи дастгирии соҳибкории хусусӣ андешаҳояшро баён намуда, пешниҳод кард, ки дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ телефони боварӣ таъсис дода шавад. Роҳбари ҶДММ «Барқ сохтмон лоиҳакаш» Комилҷон Иброҳимов ва Намояндаи доимии Бонки Осиёгии рушд дар Тоҷикистон Си Си Ю дар навбати худ оид ба як қатор масъалаҳои соҳа ибрози назар намуданд.
Сипас, гузориши раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода аз рӯи масъалаи сеюм оид ба ҷараёни амалисозии нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ шунида шуд.
Аз ҷониби баромадкунандагон бо мақсади таъмини рушди бемайлони фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ тавсияҳо пешниҳод гардиданд.
Оид ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа, котиби масъули шӯро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Файзиддин Қаҳҳорзода маълумот дода, масъалаи беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахши бонкдориву молия ва муосиргардонии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкоронро барои баррасӣ дар ҷаласаи ояндаи шӯрои машваратӣ пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби аъзои шӯро дастгирӣ ёфт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ҷаласаро ҷамъбаст намуда, ба масъулин ва вазорату идораҳо вобаста ба масъалаҳои баррасигардида супоришҳои дахлдор доданд.

Январь 30, 2017 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд