Дар корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамиди шаҳри Сарбанд зиёда аз 1000 ҷойи нави корӣ ташкил мешаванд
ДУШАНБЕ, 31.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамид дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар заминаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Азот» Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хэнан Чжун-Я Гурӯҳи Холдингӣ»- и Ҷумҳурии Халқии Хитой ба имзо расидааст. Ин нуктаро Нигина Анварӣ, муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз дошт.
«Лоиҳаи сармоягузорӣ дар навбати аввал бунёди корхонаҳои истеҳсоли аммиак бо иқтидори 120 ҳазор тонна ва карбамид ба иқтидори 200 ҳазор тоннаро дар як сол дар назар дошта, дар давоми 1,5 сол бунёд карда мешавад. Дар марҳилаи дуюм-васеъкунии иқтидори истеҳсолии корхонаҳои аммиак то 300 ҳазор тонна ва карбамид то 500 ҳазор тонна дар як сол дар зарфи се сол ба анҷом мерасад»,- зикр кард Н. Анварӣ.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






