Дар ноҳияи Спитамен дар соли 2016 4 коргоҳи истеҳсолӣ фаъол гардонида шуд
СПИТАМЕН, 11.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2016 дар ноҳияи Спитамен 4 корхонаи нави истеҳсолӣ бо фарогирии коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ба истифода дода шуданд. Теъдоди умумии коргоҳҳои ноҳия ба 26 адад расонида шуд. Яке аз чунин коргоҳҳо корхонаи истеҳсоли равғани ҶДММ «Спитамен Ойл» мебошад, ки дар ифтитоҳи он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, бо буридани лента ба фаъолияти он оғоз бахшиданд. Ин нуктаро Раиси ноҳия Акрам Сулаймонзода зимни нишасти матбуотӣ баён кард.
Тавре ки ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дастгоҳи Раиси ноҳия иттилоъ доданд, Акрам Сулаймонзода оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар соли 2016 гуфт, ки дар давраи ҳисоботӣ қисми даромади буҷети ноҳия 97,2 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 41 миллиону 662 ҳазор сомонӣ андозу даромадҳои гуногун ворид гардиданд. Инчунин соли 2016 бобати бартарафкунии бақияпулиҳои қарзи андоз тадбирҳо андешида шуда, то 1 декабри соли 2016 қарзи андозупорандагони ноҳия дар назди буҷети давлатӣ 5 миллиону 542 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба 1 январи соли 2016-ум 1 миллиону 940 ҳазор сомонӣ кам аст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






