Дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд манораи назоратӣ сохта мешавад

Январь 26, 2017 15:09

ДУШАНБЕ, 26.01.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Раҳимҷон Саидов ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки аз ҷониби Ҳукумати Фаронса дар шаҳри Душанбе манораи назоратӣ сохта мешавад.
Сохтмони манораи назоратӣ пурра аз ҳисоби Фаронса буда, қиммати аввалаи сохтмон дар лоиҳа аз 2 миллиону 800 то 3 миллион долларро ташкил медиҳад,- гуфт номбурда ва илова намуд, ки бо назардошти буҳрони иқтисодӣ шояд миқдори ин маблағ тағйир ёфта, нарх боло равад.
Ҳоло аз тарафи Ҳукумати Фаронса ҳамаи ҳуҷҷатҳо имзо шуда, оғози сохтмон моҳи август дар назар дошта шудааст.
Ҳамчунин Раҳимҷон Саидов илова намуд, ки лоиҳаи манораи Хуҷанд низ омода шуда, сохтмони он аз ҷониби худи КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ба роҳ монда мешавад.
«Айни замон корҳои омода ва тасдиқкунии лоиҳа идома дошта, арзиши ниҳоии он маълум нест. Бо сабабе, ки корхона қудратманд аст, метавонад ин сохтмонро ба сомон расонад», — зикр намуд Раҳимҷон Саидов.

Январь 26, 2017 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд