Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Шумораи нафақахӯрон дар вилояти Хатлон беш аз 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳад»
ДУШАНБЕ, 11.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи нафақахӯрон дар вилояти Хатлон 222 ҳазору 244 нафарро ташкил дода, ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо то давраи бозҳисобӣ 220 сомониро ташкил медод. Аз моҳи августи соли 2016 нафақаи зиёда аз 196,9 ҳазор нафақахӯрони вилоят мавриди бозҳисобӣ қарор дода шуд. Ҳаҷми маблағи аз ин ҳисоб зиёдгардида дар як моҳ 9,1 миллион сомонӣ ё ба ҳисоби миёна 21,2 фоиз зиёд гардида, ҳисоби миёнаи маблағи нафақапулии нафақахӯрон ба 262 сомонӣ баробар гардид. То ин давра маблағи нафақапулиҳои нафақахӯрон пурра пардохт карда шудааст. Ин суханон аз ҷониби Давлатшоҳ Гулмаҳмазода, Раиси вилояти Хатлон зимни нишасти хабарӣ баён шуданд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.
Мавсуф пахтакориро яке аз соҳаи муҳими кишоварзӣ арзёбӣ намуда, гуфт: «Соли сипаригардида кишоварзони вилоят дар майдони 115 ҳазору 535 гектар пахта кошта, 219,3 ҳазор тонна ҳосили пахта истеҳсол карданд. Ин баробари 88 фоизи иҷрои дурнамо буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28,7 ҳазор тонна зиёд мебошад. Ба корхонаҳои коркарди пахта 193,1 ҳазор тонна супорида шуд. Масъалаи мазкур таҳти назорати доимӣ қарор дорад».








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






