Федерер ғолиби «Australian Open» гардид
ДУШАНБЕ, 31.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Теннисбози швейтсарӣ Роҷер Федерер дар чемпионати кушоди Австралия пирӯзии комили худро дар муқобили Рафаэл Надал ба даст овард. Дар ин бора расонаҳои варзишии ҷаҳон иттилоъ медиҳанд.
Дар вохӯрии ниҳоӣ Роҷер Федерери 35-сола Рафаэл Надалро бо натиҷаи 3:2 (6:4 ,3:6, 6:1, 3:6, 6:3) шикаст дод. Дар сети ҳалкунанда Надал бо натиҷи 3:1 дар сафи пеш буд, аммо Роҷер пайдарпай панҷ геймро ба нафъи худ анҷом дода, дар ду брейк пойнт бартарӣ нишон дод.
Ба ҳамин тартиб, Федерер маротибаи 18-ум дар бозиҳои «Тоскулоҳи бузург» ба пирӯзӣ ноил гардид, ки панҷ ададашро «Australian Open» ( 2004, 2006, 2007, 2010, 2017) ташкил медиҳад. Ин теннисбози швейтсарӣ маротибаи охир дар соли 2012 дар мусобиқоти «Тоскулоҳи бузург», дар бозии ниҳоии Ҷоми Уимблдон Энди Марейи англисро мағлуб карда буд.
«Australian Open»-аввалин мусобиқаи ин силсила дар оғози соли нав аст ва маблағи ҷоизавиаш аз 36 миллион доллар бештар мебошад. Он аз 16 то 29 январ дар шаҳри Мелнбурн давом кард.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








«ИМПУЛС-2026». Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон дар ҳисоби умумии даставӣ ҷойи дуюмро ишғол карданд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






