Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Ганҷҳои ҳунар» мақомхононро даъват менамояд
ДУШАНБЕ, 24.01.2017 /АМИТ Ховар/. Бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии мақомхонон таҳти унвони «Ганҷҳои ҳунар» баргузор мегардад.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, фестивал-озмун бо мақсади арҷ гузоштан ба мероси бойи аҷдодон, эҳё ва тарғибу ташвиқи суннатҳои қадимаи ниёгон, ривоҷу равнақи санъати миллӣ ва анъанаҳои асили мақомсароиву мақомнавозӣ, пайдо ва дастгирӣ кардани чеҳраҳои нав ва иҷрокунандагони ҷавон гузаронида мешавад.
Фестивал-озмун дар ду давр гузаронида шуда, баргузории даври аввали озмун дар шаҳр, ноҳия ва вилоятҳо то 22 феврали соли равон дар назар аст. Даври ҷамъбастии Фестивал-озмун 6 — 7 марти соли равон бо иштироки ғолибон дар толори қасри фарҳанги шаҳри Турсунзода баргузор мегардад.
Қабули дархостҳо барои иштирок дар Фестивал-озмун то 15 феврали соли 2017 пешбинӣ шудааст. Дар Фестивал-озмун хоҳишмандони санъати навозандагӣ ва сарояндагии мақом, ки синнашон то 27 аст, метавонанд иштирок намоянд.
Фестивал-озмун дар ду бахш- яккасароӣ ва якканавозӣ (бо сози миллӣ) баргузор гардида, ғолибону иштирокчиён бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида мешаванд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






