Иҷоранишин соҳибхонаро ба қатл расониданӣ буд…

Январь 5, 2017 14:49

ДУШАНБЕ, 05.01.2017. /АМИТ Ховар/. Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ парвандаи ҷиноятиро нисбат ба Меҳрубони Абдусууди Сироҷзода бо моддаҳои 32 қисми 3, 104 қисми 2, бандҳои «е», «и», «л» ва 249 қисми 3 бандҳои «а», «г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд.
Тибқи иттилои Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳрубони А.С. барои он гунаҳгор дониста шудааст, ки дар манзили истиқоматии Ч.Юсупова, истиқоматкунандаи деҳаи Гачаки ҷамоати деҳоти Деҳқонободи шаҳри Ҳисор иҷора нишаста, бо мақсади куштори соҳибхона ва тасарруфи амволи ӯ 1 январи соли 2016 бо болғаи оҳанин ба сари ӯ якчанд зарба задааст.
Маҳкумшуда ҷабрдидаро фавтида гумон карда, гӯшворҳояшро кашида гирифта, молу мулки дигари хонаи ӯро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Ч.Юсупова бо расонидани ёрии тиббӣ аз ҷониби писараш А.Ҳакимов аз марг наҷот ёфтааст.
Бо ҳукми Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ Меҳрубони А.С. бо моддаҳои дар боло зикршуда гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо ба муҳлати 21 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар муассисаи ислоҳии дорои низоми пурзӯр таъйин гардид.

Январь 5, 2017 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид