Имрӯз дар ҷаласаи селектории Вазорати корҳои дохилӣ масъалаи пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 31.01.2017./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар назди Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода ҷаласаи селекторӣ (конференсияи видеоӣ) доир гардида, масъалаҳои мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, пешгирии ҳаракатҳои коррупсионӣ миёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ, риояи қонуният ва интизоми хизматӣ, пурзӯр намудани корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ВКД ҶТ хабар доданд.
Дар ҷаласа сардорони Академияи ВКД, Сарраёсат, Сармарказ, Сарситод, Раёсатҳо ва шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ширкат намуданд.
Ҷаласаи мазкур мустақим пахш гардида, тариқи камераҳои видеоӣ бо РВКД дар шаҳри Душанбе, РБДА, СХДО ва Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеаи ВКД, тариқи пахши мустақими овозӣ (аудиоӣ) бо Раёсатҳои ВКД дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, минтақа ва ноҳияи Рашт пайваст гардид ва кормандони раёсатҳои мазкур бевосита онро тамошо ва истимоъ карданд. Рамазон Раҳимзода доир ба амалӣ намудани «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020» сухан ронда, зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд, ки мубориза бо коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад.
Таъкид гардид, ки коррупсия пеши роҳи рушди ҷомеаро мегирад, танҳо дар якҷоягӣ метавон бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурд.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он бояд бо ахлоқи ҳамида, рафтору кирдор ва ватандӯстиву ватанпарастӣ намунаи ибрати дигарон бошанд ва дар пешгирӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта тамоми кӯшишу ғайрати худро равона созанд.
Мақомоти корҳои дохилӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар бартараф ва пешгириву ошкор намудани чунин ҷиноятҳо дар ҳамкории зич қарор дошта, то ба имрӯз дар ҳамбастагӣ чандин ҳолатҳои коррупсиониро муайяну ошкор намудаанд.
Дар ҷараёни ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ миёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбиро ташвишовар арзёбӣ намуда, ба баъзе роҳбарони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, ки кормандонашон даст ба ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ задаанд, ҷазои интизомӣ татбиқ намуд.
Дар интиҳои ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва тақвият бахшидани корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.











Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид






