Канали калони Фарғона пурра тоза карда мешавад

Январь 28, 2017 10:55

ДУШАНБЕ, 28.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳр ба тозакунии канали калони Фарғона шурӯъ намуданд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом хабар доданд, канали калони Фарғона, ки солҳои зиёд аз ифлосиву таҳшинҳо пур шуда буд, имсол пурра тоза карда мешавад. Дар анҷоми ин амали нек сокинони шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот низ саҳми худро мегузоранд.
Аз ҷумла, дар ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ сокинон ба ҳашари умумӣ баромада, дар кофтани канал саҳм гузоштанд. Канал аз партовҳо, ифлосиву таҳшинҳо пурра ва босифат тоза карда мешавад. Бо ин мақсад техникаҳои пуриқтидор ва муосир ҷалб карда шуда, бо суръат фаъолият доранд. Масофаи канал дар ҳудуди шаҳри Конибодом 56 км-ро ташкил дода, аллакай 80%-и кор дар ин самт ба иҷро расонида шудааст. Дар назар аст, ки тозакунӣ то 15 феврал пурра ба итмом мерасанд.

Январь 28, 2017 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ