«Корвони маърифат» аз ноҳияи Ҷомӣ шурӯъ шуда, дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷамъбаст мегардад

Январь 26, 2017 17:23

ҚӮРҒОНТЕППА, 26.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ба аҳолии вилояти Хатлон расонидани мазмуну муҳтавои самтҳои асосии сиёсати иҷтимоӣ, дохилию хориҷии мамлакат ва вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҳамзамон боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва сулҳу ваҳдатхоҳии сокинони вилоят бахшида ба таҷлили 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилоят барномаҳои оммавӣ ва фарҳангиву иттилоотии «Корвони маърифат» гузаронида мешаванд.
Тавре аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Хатлон иттилоъ доданд, мулоқоту вохӯриҳо ва барномаҳои «Корвони Маърифат» 28 январи соли 2017 аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шурӯъ шуда, 17 июни соли 2017 дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷамъбаст мегарданд.

Январь 26, 2017 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд