Мусобиқаи шоҳмот бо ширкати 100 шоҳмотбози наврас дар шаҳри Хоруғ
ХОРУҒ, 26.01.2017. /АМИТ «Ховар» /. Дар толори варзишии мактаб- литсеи Оғохон байни шоҳмотбозони наврас аз 26 мактаби таҳсилоти умумии шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон сабқат баргузор шуд. Сардовари мусобиқа Вафо Нурмамадов гуфт, ки дар марҳилаи аввал варзишгарони хурдсол дар таълимгоҳи худ бо ҳам рақобат мекунанд ва ғолибон барои ширкат ба ин мусобиқа роҳхат мегиранд.
«Аз соли 2010 бо иқдоми ширкати барқии «Помирэнерҷӣ» барои хонандагони синфҳои ибтидоии шаҳру навоҳии ВМКБ дарси шоҳмот роҳандозӣ намуда, ҳамасола синфхонаҳои шоҳмотро таъмир, асбобу анҷоми заруриро барои кӯдакон харид мекунем. Дар айни ҳол 1500 нафар хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар ин дарсҳо ширкат намуда, маҳорати худро такмил медиҳанд»,-гуфт сардовар.
Вафо Нурмамадов гуфт, ки шоҳмот на танҳо тафаккури кӯдакону наврасонро ташаккул медиҳад, балки ба рафтору кирдор ва гуфторашон низ таъсири мусбат мерасонад. Онҳое ки дар ин дарсҳо ширкат меварзанд, ҳамеша оромиро дӯст медоранд, ҳушу ёдашон ба мутолиаи дастурамалҳои тахассусӣ ва бозиҳои интелектуалӣ банд мебошад.
Ғолибони сабқат бо туҳфаҳои пурарзиш ва асбобу анҷоми хониш қадрдонӣ шуданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






