Н. Давлатзода: «Беш аз 6000 ҳолати ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ машғул гардидани шахсони воқеӣ ошкор шуд»
ДУШАНБЕ, 20.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар соли 2016 дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ зиёда аз 6200 ҳолати бидуни қайд дар мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ машғул гардидани шахсони воқеӣ ошкор гардид. Ин шахсон ба қайд гирифта шуданд ва бо патенту шаҳодатномаи соҳибкорӣ таъмин гардиданд.
Ҳамчунин номбурда илова намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар натиҷаи аз тарафи мақомоти андози ҷумҳурӣ гузаронидани корҳои назоратӣ зиёда аз 24 ҳазору 600 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ошкор ва шахсони дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Нисбат ба онҳо ба маблағи умумии 307 млн сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гардида, аз ин ҳисоб ба буҷети ҷумҳуриявӣ 170,2 миллион сомонӣ ворид карда шуд.








Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд
Фонди иқлими сабз барои рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо менамояд
Лоиҳаи «Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардидааст
Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд






