Натиҷаҳои ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ
ДУШАНБЕ, 27.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид.
Рўзномаи ҷаласаи навбатӣ нахуст дар вохўрии хоссаи ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ-Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини якуми Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Игор Шувалов мувофиқа гардида, сипас дар нишасти васеъ бо иштироки ҳайатҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҷаласа муҳимтарин самтҳои ҳамкориҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Россия дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, молияву бонкдорӣ, гумрук, муҳоҷирати меҳнатӣ, илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва варзиш мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба тақвияти муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мазкур, иҷрои нақшаи қарорҳои ҷаласаи 13-ум ва нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи Барномаи ҳамкориҳои иқтисодӣ барои солҳои 2015-2018, инчунин рушду тавсеаи ҳамкориҳо байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Россия фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуданд.
Доир ба бартарафсозии мушкилоту монеаҳои мавҷуда, ки ба рушду тавсеаи бештару хубтари ду давлати ба ҳам дўст таъсири манфӣ мерасонанд, табодули афкор сурат гирифта, ҳарду ҷониб омодагию ҳавасмандии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар самти содироти маҳсулоти хушсифати кишоварзии Тоҷикистон ба Россия, роҳандозии хатсайрҳои ҳавоии байнидавлатӣ бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар ва мусоидат ба беҳтарсозии вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ таъкид намуданд.
Дар анҷом аз ҷониби ҳамраисони Комиссия-Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини якуми Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Игор Шувалов қарори ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ имзо карда шуд.
Вобаста ба натиҷаҳои кори ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ роҳбарони ҳайатҳо бо изҳороти матбуотӣ дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма баромад намуда, натиҷаҳои вохўрии имрўзаро барои ҳарду ҷониб манфиатбор арзёбӣ карданд.










Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд
Исломиддин Раҳмон: «Яке аз вазифаҳои олии стандартизатсия ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон мебошад»
Тоҷикистон ва Ҷопон бунёди пули нав аз болои дарёи Кофарниҳонро баррасӣ намуданд
Намояндагони Тоҷикистон дар мулоқоти вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ иштирок намуданд
Пагоҳ дар Душанбе Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» оғоз меёбад






