Ҷ. Нуралиев: «Дуруст ба роҳ мондани идоракунии корпоративӣ вазифаи аввалини бонкҳо дар соли 2017 мебошад»
ДУШАНБЕ, 25.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои танзими идоракунии корпоративӣ дар ташкилотҳои қарзӣ ва усулҳои идоракунии корпоративӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон 24 январ дар вохӯрии муовини якуми Раиси бонки мазкур Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд таҳти роҳбарии Мушовири калони департаменти ҳуқуқи БАТР Жан Пйеро Чиня муҳокима гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Мулоқоти мазкур дар доираи Лоиҳаи кумакҳои техникии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба Бонки миллии Тоҷикистон оид ба баҳодии идоракунии корпоративӣ дар ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҷорикунонии механизми услуҳои мазкур дар ташкилотҳои қарзӣ, асосҳои методологӣ ва меъёрии санҷишҳои Бонки миллии Тоҷикистон, татбиқи чораҳои зарурӣ баъди санҷиш ва дигар масъалаҳои марбут ба Лоиҳаи кумакҳои техникии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба Бонки миллии Тоҷикистон дар самти баҳодии идоракунии корпоративӣ дар ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Зимни мулоқот Ҷ. Нуралиев изҳор дошт, ки бинобар суст будани идоракунии корпоративӣ дар як қатор ташкилотҳои қарзӣ ин боиси ба мушкили молиявӣ гирифтор шудани онҳо ва коҳиш ёфтани низоми бонкии кишвар гардид. Маҳз ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои рухдода дар низоми бонкии кишвар вазифаи аввалине, ки дар назди бонкҳо дар соли 2017 гузошта шуд, дуруст ба роҳ мондани идоракунии корпоративӣ мебошад, — таъкид намуд ӯ.
Ба иттилои мушовири калони Департаменти ҳуқуқи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Жан Пьеро Чиня, барои пешниҳод намудани кумаки техникӣ дар самти таҳким бахшидани идоракунии корпоративӣ маълумоти дахлдор дар бораи бонкҳо ва тарзи идоракунии корпоративии кунунии онҳо зарур аст. Зикр карда шуд, ки танҳо баъди таҳлил ва баррасии ҳисобот ва маълумот дар бораи бонкҳо ҷониби БАТР метавонад барномаҳои худро дар низоми бонкии Тоҷикистон амалӣ намояд.
Вобаста ба татбиқи барномаҳои идоракунии корпоративӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон, аз ҷумла дар навбати аввал ба кор бурдани он нисбат ба бонкҳои муаммодор муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон С. Икромӣ изҳор дошт, ки ҷониби БАТР пешниҳодҳои худро манзур намояд. Танҳо баъди мувофиқаи ҷонибҳо метавон барномаҳои Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро ҷиҳати беҳтар кардани идоракунии корпоративӣ дар бонкҳои муаммодор ба кор бурд.
Дар ҷамъбасти мулоқот тарафҳо ба хулоса омаданд, ки ҷиҳати татбиқи барномаҳо дар самти таҳкими идоракунии корпоративӣ аз таҷрибаи БАТР истифода мебаранд.
Дар робита ба ин, роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки барои пурзӯр намудани назорати низоми бонкӣ ва бо ин мақсад таҳким бахшидани идоракунии корпоративӣ ҷиҳати истифода аз таҷрибаи ғании Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар ин самт ҳамкории зич ба роҳ монад.








Душанбе мизбони Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ — «AI ALLEY» мегардад
Аз шаҳри Турсунзода ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 70 ҳазор тонна маҳсулот содирот гардид
Ниҳодҳои олии аудити Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ беш аз 3 баробар зиёд гардидааст
Мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Зафаробод оғоз гардид
Бонки Осиёии Рушд механизми маблағгузории таҷдиди марзҳо ва мусоидат ба тиҷорат дар минтақаи ҲИМОМ-ро тасдиқ намуд
Рушди молияи давлатӣ: аз ташаккули низоми мустақили молиявӣ то идоракунии рақамии буҷет
Дар доираи татбиқи лоиҳаи озмоишӣ платформаи рақамӣ таҳия мегардад
Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар соҳаи саноат тақвият медиҳанд
Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ мулоқот намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД. Барои ҷомеаи муосири мо ин се даҳсола асри таҳаввулоти ҷиддии фикрӣ, технологӣ ва менеҷмент ба шумор меравад
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон иқтидори энергетикӣ ба 70 МВт расонида шуд






