Нусратулло Давлатзода: «Ҷаримабандии ширкати мобилии «Tcell» дар доираи қонун ва ваколатҳои Кумита сурат гирифтааст»
ДУШАНБЕ, 20.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода андозу ҷаримабандии ширкати мобилии «Tcell»-ро, ки зимни санҷиши нақшавӣ дар ҳаҷми зиёда аз 155 миллион сомонӣ муайян гардида буд, дар доираи қонун ва ваколатҳои Кумита арзёбӣ намуд. Ба маълумоти Нусратулло Давлатзода, дар айни замон баҳс дар мақомоти судӣ идома дорад ва баъди баромадани қарори суд мақомоти андоз метавонанд нисбат ба рӯёнидани маблағ чораҷӯӣ кунанд.
«Мутаассифона, дар соли 2016 ширкатҳои мобилии Таком (Билайн) ба маблағи 151,3 миллион сомонӣ ва МЛТ (Мегафон) тақрибан ба маблағи 155 миллион сомонӣ ҷарима карда шуданд»,- зикр намуд раиси Кумитаи андоз.
Нусратулло Давлатзода ҳамчунин иброз намуд, ки ширкати мобилии МЛТ (Мегафон) ин маблағро қисман дар давраи баҳси судӣ, қисми дигарро баъди қарори суд пурра пардохт намудааст ва ширкати мобилии Таком (Билайн) дар айни ҳол 80 фоизи ин маблағро пардохт кардааст.








Пагоҳ дар Душанбе Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» оғоз меёбад
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок менамояд
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардид
Сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон иштирок намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» ва «Turkish Airlines» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо сифати аъло дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи муносиб пайдо кардааст
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд






