ОБ ҲАМ ДИЛЕ ДОРАД…

Январь 27, 2017 15:43

Вода сердце-2ДУШАНБЕ, 27.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Олимон исбот намудаанд, ки об андешаи одамонро дарк мекунад. Ба андешаи олими  ҷопонӣ   Массеру Эмотӣ, об ҳар паёме, ки мегирад — зиштӣ ё зебоӣ, онро дар худ таҷассум мекунад. Ӯ рӯзе рӯйи зарфи обдор менависад: «сипос бар ту». Баъди чанде мебинад, ки ин об хеле зебо, мисли пештара софу зулол аст. Аммо мушоҳида мекунад, ки зарфи обдоре, ки рӯйи он навишта буд: «ту девонаӣ», тира гаштааст. Ҳангоми иҷрои симфонияи «Ариа» — и оҳангсози маъруф Иоҳан Себастян Бах, ки он хеле форам буд, олимон мушоҳида намуданд, ки таркиби об ва молекулаҳои он аҷибу зебо шуданд.

Тарзи нишастаи ҳаёт хатар дорад, агар…

Гурӯҳи      олимони амрикоӣ ақидаи зарари тарзи нишастаи ҳаётро рад карданд, иттилоъ медиҳад маҷаллаи «International Journal of Epidemiology». Тибқи натиҷаи таҳқиқоти шонздаҳсола, ки дар он ҳудуди панҷ ҳазор  хоҳишманд иштирок доштанд, вазъи саломатии одамони тарзи ҳаёти ғайрифаъол нисбат ба шаҳрвандони фаъол беҳтар арзёбӣ мегардад.

Тӯли ин муддат олимон иштирокдорони озмоишро назорат карда, дар бораи чӣ гуна гузаронидани вақт ва чанд муддат ба варзиши  ҷисмонӣ машғул шудани ҳар нафар маълумот ҷамъ оварданд.

Ба ақидаи мутахассисон, набудани фаъолии варзишӣ ба саломатии инсон таъсир надорад ва ба марги бармаҳал намерасонад. Вале нафароне, ки ба варзиш машғуланд, камтар аз рӯҳафтодагӣ азият мекашанд.

Чанде пеш таҳқиқгарони донишгоҳи Корнеллаи  иёлати Ню — Йорк формулаи тарзи ҳаёти солимро дар ҳолати кори нишаста муайян карданд. Ба андешаи онҳо пас аз ҳар 20 дақиқаи нишастан бояд 8 дақиқа рост истод ва 2 дақиқа қадам монд.

Вода сердце

Театр   дар рӯйи об

Тамошобини имрӯзаро ба ҳайрат овардан хеле мушкил аст. Вале, коргардонҳо кӯшиш карда истодаанд, ки боз ҳам бо намоишҳои ғайриоддии худ муштоқони ин ҳунари қадимиро ба ваҷд оранд. Айни замон онҳо ба­рои  намоишҳои худ на танҳо саҳнаи оддӣ, балки рӯйи обу зери об ва саморо низ истифода мебаранд.

 

Яке аз саҳнаҳои диққатҷалбкунанда Театри операи Брегентс мебошад. Таърихи он низ хеле ҷолиб аст. Соли 1946 дар Австрияи баъдиҷангӣ фестивали санъати опера гузаронданӣ мешаванд. Вале маълум мегардад, ки дар шаҳр на танҳо бинои мувофиқ нест, балки ҷой ҳам барои сохтани чунин як театр надоранд. Ҳалли ин мушкилӣ шаҳр, театр ва фестивали онро дар тамоми олам машҳур гардонд. Саҳнаро дар кӯли Боден, рӯйи ду биржаи бо ҳам пайвастшуда сохтанд. Тамошобинон дар соҳили кӯл нишаста, ба ҷараёни воқеаҳо назора мекарданд. Аслан чунин иморатҳо на бештар аз ду сол хизмат менамоянд. Ин театри шинокунанда   инак ҳафтод сол боз ба мардум хизмат мекунад. Ороиши он низ қариб ҳар сол тағйир меёбад.

Тaғйир додани дунё. Аз чӣ бояд  оғоз кард?

Дар лавҳаи мазори роҳиби англис, ки дар шаҳри Лондон чойгир аст, чунин навишга шудааст:

«Вақте ҷавону озод будаму сарҳади хаёлам охир надошт, орзу мекардам, ки тамоми дунёро иваз кунам. Аммо вақте пирй аз худ дарак дод, оқилтар шудаму дарк кардам, ки дунё тағйир намеёбад. Ман сарҳади хаёлҳоямро каме танггар кардаму хостам танҳо кишвари худро иваз кунам. Вале чанде пас дарк кардам, ки он ҳам тағйир намеёбад.

Baқтe пирӣ ба ман пурра ғалаба кард, чаҳди вопасинамро ба миён гузоштам: хостам аҳли оилаамро дигар кунам. Вале ба он ҳам муваффақ нашудам. Ҳоло бошад сар ба болин монда, дар интизори малак-ул-мавт ҳастам. Ин дам дарк кардам, ки агар ивазкуниро аз нафси хеш оғоз мекардам, барои аҳли оилаам ҳамчун намунаи ибрат ва сабаби ивазшавии рафтори онҳо мегаштам. Дар навбати худ аз тағйир ёфтани онҳо илҳом гирифта, барои беҳбудӣ ва тағйир додани кишварам талош мекардам. Кӣ медонад, шояд ҳамон замон фурсати тағйир додани тамоми дунё ҳам муяссарам мегашт.

Бознашр аз саҳифаи иттилоотӣ-фароғатии «Ҷумҳурият»

Январь 27, 2017 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар 7500 гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ доир ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсия доир шуд
Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 25 электромотороллер дастрас гардид
Бар асари бориши зиёд дар Бразилия панҷ нафар ҳалок ва 18 нафар бедарак шудаанд
Дар Чин шумораи бар асари фурӯравии қитъаи роҳи баландсуръат ҳалокшудагон ба 36 нафар расид
Хонандагони муассисаҳои таълимии Норак дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 35 медал шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд
Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд