«Об барои рушди устувор». Тоҷикистон аз ҷиҳати обҳои хуштамъи нӯшиданӣ дар ҷаҳон дар даҳгонаи аввал ҷой дорад
Душанбе, 05.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. 21 декабри соли 2016 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи қабули Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028-ро қабул намуд. Он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид.
Қатъномаи мазкур, пеш аз ҳама, ба ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ, аз қабили ивазшавии қабати озонӣ ва тағйирёбии иқлими сайёра, таъминоти аҳолии курраи замин бо оби нӯшокӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳолати экологии муҳити зист бахшида шуда, ҷомеаи ҷаҳониро як бори дигар барои кам кардани исрофи об, истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои обӣ, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаворӣ, истеҳсоли неруи барқ, низоми экологӣ ва рушди устувори инсонӣ ҳушдор месозад.
Масъалаи омӯзиши об ва нақши он дар ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии ҷомеаи башарӣ мавриди муҳокимаи зиёди мутахассисону алоқамандони илмҳои муосири табиатшиносӣ, географӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва экологӣ қарор гирифтааст. Мехоҳам ин ҷо чанд андешаро оид ба масъалаи захираҳои обӣ, аҳамияти иқтисодӣ-иҷтимоии он ҳамчун сарвати миллӣ ва захираи маҳдуди табиӣ, ки аз нуқтаи назари ҳолати кунунии истифодаи об дар ҷаҳон ҷилавгирӣ карда шудааст, баён намоям.
Очеркҳои таърихӣ гувоҳи онанд, ки аҷдодони тоҷикон доимо минтақаҳоеро барои зист қарор медоданд, ки он ҷо об ҳамчун боигарии асосӣ дар раванди фаъолияти хоҷагидорӣ ва рушди ҳаёти одамон нақши калон бозад. Дар ин минтақаҳои зебо новобаста аз дур будан аз марказҳои иқтисодию фарҳангӣ, барои озоду осудаҳолона зиндагӣ кардан мувофиқ буда, аз кӯҳҳои баланд обҳои ширину мусаффо ҷорӣ шуда, дар баробари доманакӯҳҳои сарсабзу хуррам барои муҳити зист беҳтарин шароити зист муҳайё буданд. Инчунин роҳҳои робитаю тиҷорат ва муҳоҷират канори дарёҳои бузург ҳам захираи обҳои нӯшокӣ ва ҳам манбаи ба даст овардани маҳсулоти ғизоӣ буданд, ки ин ба кишоварзон об медоду ба мусофирон роҳ ва хӯрок.
Вобаста ба афзоиши аҳолӣ, тараққиёт ва васеъшавии истеҳсолот мураккабшавии ҳолати экологӣ ва ифлосшавии муҳити зист, аз ҷумла захираҳои обӣ ва истифодаи он аз сарчашмаҳо боиси кам шудани обҳои нӯшокӣ гардид. Фақат инсоният дар охирҳои асри Х1Х ва аввалҳои асри ХХ ба хотири пирӯзӣ аз неруҳои табиат ва мувофиқ гардонидани раванди иқтисодии худ бо омилҳои табиӣ ба дарки масъалаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонии экологии захираҳои обӣ ва муҳити зисти одамон диққати махсус доданд. Нишондиҳандаҳои омории ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки имрӯз дар курраи замин 1,2 млрд. нафар аҳолӣ аз оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд ва зиёда аз 2 млрд. нафар аз обҳое истифода мебаранд, ки ба талаботи тозагию беҳдоштӣ ҷавобгӯ нестанд. Агар ин раванд идома ёбад, ба фикри мутахассисону коршиносони соҳа баъди 20-25 сол аз нисф зиёди аҳолии курраи замин (беш аз 3 млрд.) ба норасоии захираҳои оби нӯшокӣ дучор мегарданд.
Мушоҳидаҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии нигоҳдории тандурустӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки зиёда аз нисфи саломатӣ ва бардавомии умри инсон аз шароити зиндагӣ, аз панҷ як ҳиссааш аз ҳолати муҳити зист ва тақрибан 10 фоиз аз ҳолати обҳои нӯшокӣ вобастагӣ дорад. Аз рӯи таҳлили коршиносону олимони соҳа қариб 50 фоизи бемориҳои сирояткунанда, ба мисли бемории тифи шикам, дизентерия, молярия ва баъзе бемориҳои дарди меъдаю рӯда маҳз аз ҳисоби истеъмоли обҳои ифлос ва барои нӯшидан номуносиб сар мезананд. Ин раванд як бори дигар аз муҳим ва саривақтӣ будани маосили мазкур дар сатҳи байналмилалӣ гувоҳӣ медиҳад, ки барои кам кардани исрофи об, пешгирии ифлосшавии он, истифодаи самараноки захираҳои обӣ кумаки калон мерасонад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки худ ташаббускори ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ мебошад, аз лиҳози захираҳои обӣ бой буда, зиёда аз 50%-и сарчашмагирии ҳавзаи баҳри Арал ба ҳудуди он рост меояд. Ин захираҳо бо пиряхҳо, ки 8%-и ҳудуди ҷумҳуриро фаро гирифтаанд, якҷоя шуда, захираҳои бузурги оби тозаро ташкил медиҳанд, ки он дар ҳаҷми 845 млрд. метри кубӣ арзёбӣ мегардад. Дар маҷмӯъ 55,4% захираҳои оби ҳавзаи баҳри Арал ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, ки он дар ҳаҷми 64,0 км3/сол арзёбӣ мегардад. Аз ин ҷост, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби боигарии захираҳои об дар миқёси ИДМ (СНГ) баъди Федератсияи Россия дар ҷои дуюм, дар миқёси Осиёи Марказӣ дар ҷои якум ва аз ҳисоби обҳои ширини нӯшокӣ дар ҷаҳон дар даҳгонаи аввал ҷой дорад.
Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат ба рушди «иқтисодиёти сабз» диққати махсус дода шуда, об ҳамчун як унсури асосӣ дониста шуд. Захираҳои обии Тоҷикистон ба таври васеъ дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пеш аз ҳама, дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла барои обёрикунонии заминҳои корами обӣ истифода мешаванд. Махсусан дараҷаи баланди аз об таъмин будани ҷумҳурӣ ба тараққиёти интенсивии заминҳои обӣ мусоидат менамояд. Заминҳои обии ҷумҳурӣ зиёда аз 13 фоизи заминҳои кишти кишоварзиро ишғол намуда, то 90 фоизи маҳсулоти умумии соҳаи мазкурро истеҳсол мекунанд. Таъкиди Пешвои миллат дар Паёми имсола оид ба рӯёнидани 2-3 ҳосил аз ҳар як гектари замини обӣ ишора ба яке аз се ҳадафи асосии сиёсати иқтисодии давлат, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад.
Аз ҷониби дигар мусоидат ба «иқтисодиёти сабз» метавонад ба рушди соҳаи туризм ва сайёҳӣ, махсусан туризми экологӣ созгор бошад. Барои ин, пеш аз ҳама, дастирии давлатии соҳаи туризм, рушди инфрасохтори бозорӣ ва муррифии ширкатҳои ватание, ки барои ҷалби сайёҳон ва истеҳсоли обҳои нӯшокӣ машғуланд, лозим аст. Ин нукта низ дар Паёми имсолаи Пешвои миллат таъкид карда шуд. Барои самаранок фаъолият кардани соҳаи мазкур дар назди дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як сохтори нав ташкил карда мешавад, ки бевосита ба рушд ва танзими соҳаи туризм ва сайёҳӣ машғул мешавад.
Боз як нуктаи дигаре, ки дар Паёми имсола ироа гардид, ин истеҳсоли қувваи энергетикии аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад, ки алҳол он 99,2% -ро дар ҳиссаи истеҳсоли гидроэнергетикии кишвар ташкил медиҳад. Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои гидроэнергетикӣ бой буда, дар Осиёи Марказӣ дар ҷои аввал меистад. 70%-и захираҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ ба ҳудуди он рост меояд, ки дар шароити ҳозира ҳамагӣ 4%-и он истифода мешаваду халос. Агар мо иқтидорҳои истеҳсолии қувваи барқии ҷумҳуриро таҳлил карда бароем, он гоҳ ин нишондиҳанда тақрибан дар ҳаҷми 527 млрд кВт-соат арзёбӣ мегардад. Шароити табиӣ-иқлимӣ ва релефи ҷумҳурии мо бештар барои коркарди қувваи барқ мусоид буда, дар як дарё аз 5 то 10 адад силсиланеругоҳҳои барқи обӣ сохтан мумкин аст. Тасдиқи ин гуфтаҳо истифодаи захираҳои гидроэнергетикии дарёи Вахш, истифодаи захираҳои гидроэнергетикии дарёи Сурхобу Хингоб ва истифодаи захираҳои гидроэнергетикии дарёи Зарафшонро мисол овардан мумкин аст.
Бояд ёдовар шуд, ки 12 майи соли 2016 бо иштироки намояндагони чор кишвар-Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон ба оғози татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли барқи САSА-1000 асос гузошта шуд. Дар назар дошта шудааст, ки дар ҳолати сохтану ба истифода додан имконияти интиқоли қувваи барқ то Осиёи Ҷанубӣ ба амал меояд. Сохтмони пурраи он зиёда аз 1 млрд доллари амрикоӣ (ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 320 млн. дол.)-ро ташкил медиҳад, ки он барои баромадан ба бозори ҷаҳонии содироти захираҳои энергетикӣ мусоидат менамояд.
Фақат ҳалли дастаҷамъонаи проблемаҳои мазкур метавонад дар оянда вазъиятро дар хоҷагии об қадре ҳам бошад ба танзим дароварда, ҳолати истифодаи захираҳои обиро беҳтар гардонад. Фикр мекунам, ки тайи даҳсолаҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони кушоди баррасӣ ва ҳалли муаммоҳои минтақавӣ ва байналхалқии захираҳои обӣ ва беҳдошти муҳити зист гардида, дар таъмин намудани рушди босуботи иқтисодӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Эмомалӣ ШЕРАЛИЕВ, декани факултети молия
ва қарзи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон,
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент