Ҳолатҳои расонидани зарари калони моддӣ ба шабакаҳои барқӣ ошкор гардиданд
ДУШАНБЕ, 26.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Зимни санҷиши гурӯҳи корие, ки аз ҳисоби кормандони милитсия ва мутахассисони соҳаи барқ созмон ёфтааст, ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ, далелҳои худсарона ва бе иҷозат кашидани хати барқ ба манзили истиқоматӣ ва нуқтаҳои хизматрасонӣ ошкор карда шуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, аз ҷумла, санҷиш муайян намуд, ки шаҳрванд Абдураҳмон Бобохонов, соли таваллудаш 1956, сокини хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, аз симчӯби барқӣ хати барқро ба манзили истиқоматиаш кашида, муддати 7 сол 272 ҳазору 160 киловатт қувваи барқро ғайриқонунӣ истифода намудааст. Дар ин муддат ӯ ба Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ба маблағи 340 ҳазору 292 сомонӣ зарари калони моддӣ расонидааст.
Инчунин шаҳрванд Ҷамшед Ғуломов, соли таваллудаш 1968, сокини кӯчаи Қосимоваи шаҳри Душанбе дар ошхона ва нонвойхонааш бе иҷозатнома ва шартномаи ширкати «Барқи Тоҷик» қувваи барқро истифода бурда, ба маблағи 18 ҳазору 275 сомонӣ зарари калони моддӣ расонидааст.
Нисбат ба номбурдагон маводи зарурӣ тартиб дода шуда, санҷиши пешакӣ идома дорад.









Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






