Питер Буриан: Иттиҳоди Аврупо дар оянда ҳам барои тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад

Январь 24, 2017 18:20

ДУШАНБЕ, 24.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Иттиҳоди Аврупо дар оянда ҳам барои тақвияти  соҳаи маориф ва илм, тандурустиву кишоварзӣ  ҳавасмандӣ зоҳир карда, инчунин дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ҳамкориро идома медиҳад. Ин матлабро имрӯз ба хабарнигорон Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Питер Буриан баъди мулоқот бо  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуд.

Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ ба муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баҳои баланд дода, зикр намуд, ки зимни вохӯрӣ равандҳои муҳими ҳамкории дуҷониба, омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ баҳри такмил ва татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, вазъи иқтисоди ҷумҳурӣ, амният ва мавзӯъҳои мубрами минтақавӣ ва дигар масъалаҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки дар 9 моҳи соли 2016 ҳаҷми мубодилаи мол байни Тоҷикистон ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо 225,753.4 доллари ИМА-ро ташкил кард, ки аз он 122,442.8 миллион доллари ИМА ба содирот ва 103,310.6    доллар ба воридот рост омад.

Январь 24, 2017 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд