Рамазон Раҳимзода: «34 гурӯҳи муташаккил дар ҳайати 169 нафар муайян ва дастгир карда шуданд»

Январь 20, 2017 14:52

ДУШАНБЕ, 20.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2016 дар ҷумҳурӣ 21 ҳазору 756 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли гузашта 171 ҷиноят зиёд мебошад. Дар ин бора Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба таъкиди вазир, дар ҷараёни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалиёти махсус 34 гурӯҳи муташаккил дар ҳайати 169 нафар муайян ва дастгир карда шуданд.
Вазири корҳои дохилӣ ба рӯзноманигорон барои ҳамкорӣ ва инъикоси шаффофи фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар матбуоти даврӣ изҳори миннатдорӣ намуда, гуфт: «Суботу оромӣ ва тинҷиву осудагӣ яке аз омилҳои рушду шукуфоӣ ва пешрафти ҷомеа буда, расидан ба ҳадафҳои созандаву бунёдкорӣ, пеш аз ҳама, аз вазъи муътадили сиёсии ҷумҳуриямон вобастагии калон дорад».
Зикр карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 4082 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст. Соли гузашта ҳодисаҳои дуздию қаллобӣ ва авбошӣ аз ҳама зиёд ба қайд гирифта шудаанд.

Январь 20, 2017 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосир муассир аст
АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ. Дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Артиши миллии Тоҷикистон неруи пояндаи давлату миллат мебошад
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар таъмини амну суботи ҷомеа нақши калидӣ доранд
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили суботу амният ва таъминкунандаи рӯзгори босаодати мост
Дар Тоҷикистон 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бошукуҳ таҷлил мегардад
АРТИШИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин неруи боэътимод имрӯз амнияти давлат ва оромии ҷомеаро ҳифз менамояд
Барои дарёфти «Ҷоми Вазири мудофиа» мусобиқаи тирпаронӣ баргузор шуд