Роҳпаймоӣ дар Конибодом бахшида ба Соли ҷавонон
ДУШАНБЕ, 28.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. 27 январ бахшида ба эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон дар шаҳри Конибодом раҳпаймоӣ доир гардид, ки дар он зиëда аз 1000 нафар ҷавонон иштирок намуданд.
Иштирокчиён бо шиору овезаҳо ва парафшон кардани Парчами давлатӣ то назди боғи истироҳатии шаҳр роҳпаймоӣ намуданд.
Баъд аз роҳпаймоӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом Баҳодур Маҳмудов зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ҷавононро қувваи пешбарандаи ҷомеа меҳисобанд. Аз ин ҷост, ки дар Паëми навбатии худ соли 2017-ро дар қаламрави мамлакат Соли ҷавонон эълон карданд. Эълон гардидани Соли ҷавонон амри таърихӣ буда, дар рушди сиëсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватанпарастонаи онҳо нақши назаррас дорад.
Баъдан ҷавонони ватандӯст дар дохили боғи истироҳатии шаҳри Конибодом зиёда аз 300 бех ниҳолҳои ороишиву cояафкан шинониданд. «Мо ба он хотир имрӯз ниҳол шинонида истодаем, ки фардо дарахтони ҳамешасабзи диёр афзуда, ҳусни Ватанамон зиёда гардад. Онҳо нишона аз соли ҷавонон хоҳанд буд», — иброз доштанд ҷавонони шаҳри Конибодом.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






