Рустам Шоҳиён ҳолатҳои бар асари ғарқшавӣ ҳалок гаштани шаҳрвандонро ташвишовар хонд
ДУШАНБЕ, 19.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон шумораи нафароне, ки дар натиҷаи ғарқшавӣ ба ҳалокат расидаанд, кам гаштааст, вале ин ҳолатро роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоно ташвишовар арзёбӣ менамояд.
Муовини аввали Раиси кумитаи мазкур Рустам Шоҳиён дар нишасти матбуотии имрӯза оид ба ин масъала изҳори нигаронӣ намуда, иброз дошт, ки қатъи назар аз санҷишҳои ҳамешагӣ миёни оммаи мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони кумита пайваста гузаронида мешаванд. Инчунин аз тариқи радио ва телевизион таблиғот бурда мешавад, вале мутаассифона, ҳанӯз ҳам зимни оббозӣ одамон қурбон мешаванд.
Ба иттилои Рустам Шоҳиён, бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар давраи ҳисоботӣ 138 нафар (соли 2015- 183 нафар) ғарқ шуданд, ки бештари онҳоро одамони синни аз 17 боло ташкил медиҳанд.
«Сабаби афзудани ғарқшавиҳо беэҳтиётии падару модарон нисбат ба кӯдакон ва гармои сахти тобистони гузашта мебошад»,-зикр кард муовини аввали Раиси Кумита.
Дар баробари ин, соли гузашта кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ташкил ва роҳандозии корҳои садамавиву наҷотдиҳӣ фаъол буда, мунтазам дар бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи табиию техногенӣ ва амалиёти наҷотдиҳӣ иштирок намуданд.
Дар натиҷа 132 нафарро (соли 2015- 90 нафар) наҷот доданд, ки аз ин 88 нафар афроде буданд, ки дар об ғарқ мешуданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






