Рустам Шоҳмурод: «Дар муассисаҳои ислоҳотӣ ягон гурӯҳи ифротӣ имкони бурдани ташвиқоту тарғиботро надорад»
ДУШАНБЕ, 25.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар муасиссаҳои ислоҳотӣ ягон гурӯҳи ифротӣ имкони бурдани ташвиқоту тарғиботро надорад. Дар ин бора Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод имрӯз, 25 январ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Инҳо муассисаҳои пӯшида буда, нафароне, ки байни маҳбусон кор мебаранд, кормандони тарбиявии мақомотанд. Воридшавӣ ба чунин муасисаҳо тартиби муайян доранд,-афзуд вазир.
Бино ба иттилои Рустам Шоҳмурод, дар соли 2016-ум 64 маҳкумшуда фавтида, аз ин теъдод 16 нафар аз бемории сил, 44 нафар аз амрози дарунӣ ва 4 нафар аз ҳодисаҳои ногувор дар истеҳсолот ҳалок гаштаанд. Ягон ҳолати худкушӣ дар ин давра ба қайд гирифта нашудааст.
Ҳар як ҳодисаи фавтидани маҳбусон аз ҷониби комиссияи махсус аз ҳисоби кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ санҷида мешавад. Ҳамаи ҳолатҳо аз ҷониби прокуратураи махсус дар ин соҳа назорат мешаванд,-илова намуд вазир.
Бино ба маълумоти вазир, дар соли 2015-ум дар муасиссаҳои ислоҳотӣ беш аз 120 ҳолати бастани акди никоҳ, дар соли 2016 бошад, дар Тоҷикистон 143 ҳолати дар маҳбас ақди никоҳ бастани шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст.








Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид






