С. Қодирзода: «Дар бозори молии семент «Хуаксин Ғаюр Семент» мавқеи асосӣ дорад»

Январь 26, 2017 13:31

инхисориДУШАНБЕ, 26.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» ба феҳрист чун субъекти хоҷагидоре, ки дар бозори молии семент мавқеи асосӣ дорад, дохил карда, фаъолияти он таҳти танзими зиддиинҳисорӣ қарор дода шудааст.
Ин нуктаро сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода дар нишасти матбуотии имрӯза зикр намуд. Ба гуфтаи мавсуф, дар давраи ҳисоботӣ ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» 936,7 ҳазор тонна семент истеҳсол намуд, ки ҳиссаи молии он дар бозори мазкур 46,9 фоизро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2016 дар ҷумҳурӣ аз 15 субъекти хоҷагидори ба истеҳсоли семент машғулбуда, 12-тои он семент истеҳсол намуд. Дар ин давра аз ҷониби онҳо 1 999, 1 ҳазор тонна семент истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2015, 589,1 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Январь 26, 2017 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд