Сайёҳони хориҷӣ аз Балҷувон дидан намуданд

Январь 26, 2017 13:39

ДУШАНБЕ, 26.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми соли 2016 беш аз 20 сайёҳи хориҷӣ аз ноҳияи Балҷувон дидан намуданд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти вилояти Хатлон хабар доданд, 18 сайёҳ аз Испания ва боқӣ аз Федератсияи Россия, Финландия ва Австралия буданд.
Тавре маълум аст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 июли соли соли 2002 «Дар бораи Барномаи маҷмӯи рушди ноҳияи Балҷувон ба сифати минтақаи туризми байналмилалӣ дар давраи солҳои 2002-2012» қарор қабул намуда буд. Қарори мазкур бо дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то соли 2016 тамдид гардид.
Дар ин муддат аз ҷониби Вазорату кумитаҳои дахлдор ба маблағи 7 миллиону 278 ҳазор сомонӣ корҳои мухталиф ба анҷом расиданд. Маҳз натиҷаи ҳамин тадбирҳои амалишуда буд, ки беш аз пеш сафи сайёҳони хориҷӣ дар ин ноҳия рӯ ба афзоиш мениҳад.

Январь 26, 2017 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд