Шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон бештар дар соҳаҳои сохтмон, энергетика ва геология кор мекунанд
ДУШАНБЕ, 19.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Қисми зиёди қувваи кории хориҷӣ дар Тоҷикистон аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии халқии Хитой буда, шаҳрвандони хориҷӣ бештар дар соҳаҳои сохтмон, энергетика, геология кор мекунанд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода хабар дод.
Бино ба гуфтаи вазир, соли гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ 8 ҳазор квота ҷудо гардида, шаҳрвандони хориҷӣ инчунин бидуни квота, яъне тариқи Созишномаи байниҳукуматӣ дар Тоҷикистон ба кор ҷалб мешаванд. «Дар асоси иҷозатномаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба ширкатҳо барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ соли 2016 беш аз 11 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар миқёси мамлакат ба кор ҷалб шуданд. Дар айни замон квота барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ барои соли 2017 мавриди баррасӣ қарор дошта, кор дар ин самт идома дорад»,-илова намуд Сумангул Тағойзода.
Вазир афзуд, ки барои ба танзим даровардани кор ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ Хадамоти муҳоҷирати вазорат дар миқёси ҷумҳурӣ амалиёти муштараки «Нелегал»-ро мегузаронад. Зимни ин амалиёт корхонаҳое, ки ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ машғуланд, санҷида шуда, дар ҳолати вайрон кардани қоидаҳои будубош қонуншиканон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
Бино ба маълумоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар соли гузашта нисбат ба 492 нафар хориҷиён санади маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ин теъдод 204 нафар барои дағалона вайрон кардани қоидаҳои будубош бо қарорҳои суд аз қаламрави Тоҷикистон берун карда шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






