Шавкат Бобозода: «Дар соҳаи саноати хӯрокворӣ истеҳсоли беш аз 25 номгӯй маҳсулоти навро ба роҳ мондем»
ДУШАНБЕ, 25.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2016 дар ҷумҳурӣ беш аз 25 номгӯй маҳулоти нав дар соҳаи саноати хӯрокворӣ истеҳсол гардидааст. Дар ин бора имрӯз, 25 январ зимни нишасти матбуотӣ Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода иттилоъ дод.
«Дар ин давра истеҳсоли мураббои чормағзӣ, қайлаи помидорӣ, қанди ирис бо маззаи нок, себ, қулфинаю пудина, нуҳ навъи кулчақанд, панир аз шири чорвои хурд, истеҳсол ва бандубасти қурут ба роҳ монда шуд. Инчунин дар ин давра корхонаҳои коркарди шир бо технологияҳои муосир афзоиш ёфта, беш аз 21 ҳазор тонна шир коркард шуд», -афзуд вазир.
Бино ба маълумоти вазир, дар ин давра истеҳсоли намудҳои нави кефиру йогурт бо истифода аз бифидобактерияҳо ба роҳ монда шуд.








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






