Шермуҳаммад Шоҳиён: «Ба судҳо аризаҳои зиёд вобаста ба муносибатҳои оилавӣ ворид мегарданд»
ДУШАНБЕ, 16.01.2017. /АМИТ Ховар/. Соли гузашта доир ба риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нисбат ба зиёда аз 4 ҳазору 300 нафар ҷазои огоҳӣ ва нисбат ба 8577 нафар ҷаримаи маъмурӣ таъйин карда шуд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён зикр намуда, иброз дошт, ки дар маҷмӯъ доир ба риоя накардани қонуни мазкур судҳо тақрибан 14 ҳазор парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ карданд.
Ба иттилои Шермуҳаммад Шоҳиён, дар соли 2016 ба судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаҳои зиёд вобаста ба муносибатҳои оилавӣ ворид гардиданд. Аз ҷумла, наздик ба 42 ҳазор аризаҳо ворид гардида, зиёда аз 37 ҳазор парвандаҳо баррасӣ карда шуданд.
Ҳамчунин дар давраи ҳисоботӣ ба судҳо 10 571 парвандаҳои ҷиноятӣ ворид шуда, 10 ҳазору 40 адади онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар маҷмӯъ дар соли 2016 аз тарафи мақомоти судии кишвар 149 ҳазору 274 адад парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ, пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрочиёни судҳо баррасӣ карда шудаанд. Ин шумора нисбат ба соли 2015 10 ҳазору 988 адад зиёд мебошад.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






